Пешниҳоди номгузории соли 2019 ба унвони Соли амнияти ғизоӣ дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i39246-Пешниҳоди_номгузории_соли_2019_ба_унвони_Соли_амнияти_ғизоӣ_дар_Тоҷикистон
Мақомоти тандурустии Тоҷикистон ба ҳукумат пешниҳод кардаанд, ки соли 2019-ро Соли амнияти ғизоӣ, ғизои тоза ва ҳаёти солим эълом кунанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 05, 2018 10:47 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди номгузории соли 2019 ба унвони Соли амнияти ғизоӣ дар Тоҷикистон

Мақомоти тандурустии Тоҷикистон ба ҳукумат пешниҳод кардаанд, ки соли 2019-ро Соли амнияти ғизоӣ, ғизои тоза ва ҳаёти солим эълом кунанд.

Ба гузориши “Спутник”, Шералӣ Раҳматуллоев, сардори Раёсати хадамоти тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими хонаводаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, амнияти ғизоӣ аз ҳадафҳои роҳбурдии ҳукумат аст. Раҳматуллоев афзуд, ғизое, ки дар Тоҷикистон истифода мешавад, кайфияти хубе надорад, ба ҳамин далел 38 дарсади занон дорои вазни изофа, 11 дарсади занон лоғар, 18 дарсади кӯдакон кӯтоҳқад ва 10 дарсади кӯдакон камвазн ҳастанд.

Ахиран Ҳукумати Тоҷикистон меъёрҳои физиологияи истифода аз ғизоро ба тасвиб расонд, ки бар асоси он, як нафар дар як шабонарӯз бояд 404 грам нону маҳсулоти нонӣ, 111 грам гӯшту маҳсулоти гӯштӣ, 25 грам моҳӣ ва маҳсулоти он, 316 грам ширу маҳсулоти он ва ҳамчунин нисфи тухми мурғ истифода кунад.