Ноябр 06, 2018 17:20 Asia/Dushanbe
  • Cитоди таъмини амнияти Бадахшон: Мазоров - масъули ҳодисаи тирандозӣ дар Хоруғ

Ситоди байнисозмонии таъмини амният ва тартибот дар Вилояти Худмухтори Бадахшон дар баёнияе ҳодисаи тирандозии ахир дар шаҳри Хоруғ, маркази ин вилоятро ташреҳ кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, ситоди байнисозмонии таъмини амният ва тартибот дар Вилояти Худмухтори Бадахшон дар баёнияе бо ишора ба ҳодисаи тирандозӣ дар шаби 5-уми ноябр дар шаҳри Хоруғ эълом кард, масъулияти ин ҳодиса бар уҳдаи Хурсанд Мазоров, аз раҳбарони ғайррасмии маҳаллӣ аст. Ин баёния меафзояд, гурӯҳе аз ҷавонон ба раҳбарии Мазоров зимни ҳамла ба худрави масъули постгоҳҳои Бозрасии давлатии автомобилии шаҳр Хоруғ саъй карданд, дар фаъолияти онҳо ихтилол эҷод кунанд. Дар пайи ин иқдом масъули постгоҳҳои БДА дар баробари муҳоҷимон аз силоҳи бодӣ ё пневматикӣ истифода кард, аммо муҳоҷимон аз саҳнаи ҳодиса фирор карданд. Дар ин баёния тасреҳ шудааст, Мазоров, аз раҳбарони гурӯҳҳои созмонёфта дар шаҳри Хоруғ бо анҷоми чунин иқдомоте ба дунболи барҳам задани назми иҷтимоӣ ва таътили постгоҳҳои расмии пулиси раҳнамоӣ ва ронандагӣ аст.

Бар асоси баёнияи ситоди байнсозмонии таъмини амният ва назми иҷтимоӣ дар Вилояти Худмухтори Бадахшон, дар сӯйи дигари марз, яъне дар қаламрави Афғонистон миқдори зиёди маводи мухаддир ва силоҳ вуҷуд дорад ва вуҷуди постгоҳҳои пулис дар шаҳри Хоруғ монеи интиқоли онҳо ба хоки Тоҷикистон аст. Ситоди байнисозмонии таъмини амнияту тартибот дар Вилояти Худмухтори Бадахшон ҳушдор додааст, ҳар гуна таарруз, таҳдид ва эҷоди ихтилол дар фаъолияти постгоҳҳои пулис бо бархӯрди шадид ва қотеъ мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Аз як моҳ пеш ба манзури таъмини амният ва назми иҷтимоӣ дар маркази вилояти Бадахшон 6 постгоҳи пулиси роҳнамоӣ ва ронандагӣ эҷод шуда ва ситоди байнсозмонии таъмини амният ва назми иҷтимоӣ аз сокинони минтақа хостааст, то аз пайвастани наздикони худ ба гурӯҳҳои ҷиноӣ ҷилавгирӣ кунанд.

15-уми сентябри имсол Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар сафар ба вилояти Бадахшон аз мақомоти маҳаллӣ ба далели беамалияшон дар баробари гурӯҳҳои созмонёфта ба шиддат интиқод карда буд.