Таъкиди мақомоти Тоҷикистон ва Амрико бар беҳбуди ҳамкориҳои амниятӣ
Мақомоти Тоҷикистон ва Амрико бар зарурати таҳкими ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои амниятӣ таъкид карданд.
Ба гузориши хабаргузории Форс, масоили марбут ба ҳамкориҳои амниятии байни Душанбе ва Вашингтон дар дидори Юсуф Раҳмон додситони кулли Тоҷикистон ва Кристофер Рей раиси Идораи таҳқиқоти федералии Амрико (FBI) баҳсу баррасӣ шуд.
Дар ин дидор, ки дар Вашингтон баргузор шуд, ду тараф бар зарурати муборизаи муштарак зиди ҷиноятҳои фаромиллӣ, ифротгароӣ ва терроризми байналмилалӣ ва ҳамчунин ҳамоҳангсозии қонунҳо ва муқаррароти марбута байни ду кишвар таъкид карданд.
Раиси Идораи таҳқиқоти федералии Амрико аз мақомоти Тоҷикистон барои ҳамкорӣ дар таҳқиқи ҳодисаи ҳамлаи террористӣ ба гардишгарони хориҷӣ, аз ҷумла як шаҳрванди Амрико, ки 29 июл дар Тоҷикистон иттифоқ афтод, қадрдонӣ кард.
Юсуф Раҳмон ва Кристофер Рей ҳамчунин нисбат ба таҳким ва густариши ҳамкории миёни Додситонии кулли Тоҷикистон ва Идораи таҳқиқоти федералии Амрико ибрози алоқамандӣ карданд.