Ноябр 23, 2018 20:51 Asia/Dushanbe
  • Барканории раиси созмони зиндонҳои Тоҷикистон

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз бо судури фармоне генерал Иззатулло Шарифзода муовини вазири адлия ва раиси созмони зиндонҳои ин кишварро аз мақомаш барканор кард.

Ба гузориши сомонаи Фарғона, дар фармони Эмомалӣ Раҳмон таъкид шудааст, ки раиси созмони зиндонҳои ин кишвар ба далели бознишастагӣ аз ин вазифа барканор шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон бо судури фармони дигаре генерал Мансурҷон Умаров муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро ба вазифаи раёсати созмони зиндонҳои ин кишвар мансуб кард.

Агарчи далели барканории генерал Иззатуллоҳ Шарифзода муовини вазири адлия ва раиси созмони зиндонҳои Тоҷикистон бознишастагии вай унвон мешавад, аммо коршиносон ин иқдомро ба ҳодисаи шӯриш дар зиндони шумораи 3-и Хуҷанд, ки сабаби кушта шудан 23 нафар ва захмӣ шудани беш аз 100 тан гардид, муртабит медонанд.

Генерал Изатуллоҳ Шарифзода солҳои тӯлонӣ дар вазифаи раёсати зиндонҳои Тоҷикистон фаъолият карда, ки ҳамвора аз сӯи созмонҳои мудофеи ҳуқуқ башарӣ ба далели вуҷуди бадрафторӣ ва шиканҷа дар ин маконҳо мавриди интиқоди шадид қарор гирифтааст.

Пеш аз ин Файзуллоҷон Сафров раиси зиндони шумораи 3-и шаҳри Хуҷанд ва 6 нигаҳбони ин зиндон низ дар иртибот бо саркӯби хунини шӯриш дар ин зиндон боздошт шуданд.

Иттиҳоми онон шиканҷаи зиндониён, саҳлангорӣ ва сӯиистифода аз мақоми давлатӣ унвон шудааст.