Декабр 04, 2018 21:01 Asia/Dushanbe
  • Истирдоди узви собиқи ҳизби наҳзати исломӣ аз Русия ба Душанбе

Наимҷон Самеев, раиси собиқи созмонҳои ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ) дар вилояти Суғд ва шаҳри Исфара, рӯзи 4 декабр бо ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр” аз фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав ба Душанбе фиристода шуд.

Ба нақл аз Ахбор, Самеев, ки 4 сол боз дар Русия ба сар мебурд, шаби 30 ноябр дар яке аз посгоҳҳои шаҳри Грозний, пойтахти ҷумҳурии Чеченистон дастгир шуд. Самеев, ки солҳои 2008-2012 раиси бахши вилоятии ҲНИТ ва солҳои 2012-2014 раиси бахши исфарагии ин ҳизб буд, 4 соли охир дар Русия ба сар мебурд ва ба гуфтаи наздиконаш, аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон барои фаъолиятҳои қаблии ҳизбиаш ҷустуҷӯ мешуд.

Наздикони Наимҷон Самеев, яке аз роҳбарони собиқи ҲНИТ дар вилояти Суғд рӯзи 4 декабр ба сомонаи "Ахбор” хабар доданд, ки ӯро соати 12 ба ҳавопаймои "Сомон Эйр” савор карда, ба Тоҷикистон фиристодаанд. Human Rights Vision Foundation, як созмони ҳуқуқи башар низ бо тасдиқи ин хабар гуфт, ҳавопаймои Маскав – Душанбе бо Наимҷон Самеев соати 12:19 аз фурудгоҳи Домодедово ба қасди пойтахти Тоҷикистон ба парвоз хестааст.

Яке аз наздикони Наимҷон Самеев ба "Ахбор” гуфт: "Тайи 4 рӯзе, ки аз боздошти ӯ мегузарад, мо натавонистем на макони боздошташро маълум кунем ва на бо ӯ мулоқот кунем. Мо адвокат киро кардем, вале адвокат тоза ба кор сар мекард, ки ӯро мисли мол ба ҳавопаймо бор карданду бурданд. На ягон мурофиа шуд, на ягон баррасии парвандаи истирдод. Мисли мол гирифтанду савор карданду бурданд.”

Моҳи феврали соли 2018 як фаъоли дигари собиқи ҲНИТ аз Исфара Нуъмонҷон Шарипов низ бо чунин шева баъди ҳамагӣ чанд рӯзи боздошташ аз Туркия ба Тоҷикистон фиристода шуд. Вале ӯ баъди чанд рӯз худаш аз Тоҷикистон бо журналистон дар тамос шуд ва хабар дод, ки ихтиёран ба Ватан баргашта, мавриди афв қарор гирифтааст. Баъдан ба Нуъмонҷон Шарипов ҳатто иҷозат доданд, ки ба Туркия баргардад. Ӯ дар шаҳри Истанбул чойхона дошт.

Ва аммо Human Rights Vision Foundation, як созмони ҳомии ҳуқуқи инсон аз Русия ба Душанбе фиристодани Самеевро "дуздӣ” номида, гуфтааст, ки ин корро мақомоти махсуси Тоҷикистон бо кумаки намояндагони фасодзадаи ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Русия анҷом додаанд. Ин созмон аз Русия хостааст, ки қазияи рабуда шудани ин сиёсатмадори тоҷикро таҳқиқ кунад. Дар баёнияи Human Rights Vision Foundation ҳамчунин аз сарнавишти Наимҷон Самеев изҳори нигаронӣ мешавад. Ба ақидаи ин созмони ҳомии ҳуқуқ, Самеев дар Тоҷикистон метавонад ба шиканҷа ва дигар бадрафториҳо рӯбарӯ шавад.

Наимҷон Самеев, яке аз роҳбарони собиқи ҲНИТ дар вилояти Суғд шаби 30 ноябр дар яке аз посгоҳҳои шаҳри Грозний, пойтахти ҷумҳурии Чеченистони Русия дастгир шуд.