Декабр 06, 2018 12:46 Asia/Dushanbe
  • Апрели 2019 ифтитоҳи нахустин бонки исломӣ дар Тоҷикистон

Бо кумаки Бонки тавсеаи исломӣ, апрели соли оянда аввалин бонки исломӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ мешавад.

Ба нақл аз Форс, дар 2018 Соҳибкорбонки Тоҷикистон бо муроҷиа ба дафтари минтақаии ширкати исломии тавсеаи бахши хусусӣ хостори ироаи кумакҳои фаннӣ барои гузор ба аввалин бонки исломӣ дар ин кишвар шуд.  

Ширкати исломии тавсеаи бахши хусусии гурӯҳи Бонки тавсеаи исломӣ дар заминаи омодасозӣ, мудирият ва тавсеаи фаъолиятҳо мутобиқ бо шариати ислом ва ҳамчунин ироаи кумакҳои ҳуқуқӣ, мудирияти манобеи инсонӣ, ҳисобдорӣ, IT, хазонадорӣ, мудирияти риск, бозорёбӣ ва иртиботот ба аввалин бонки исломии Тоҷикистон кумак мекунад.

Тарҳи мазкур дар ҳоли ҳозир дар ҳамаи заминаҳо пешрафтҳои қобили таваҷҷуҳе доштааст.

Бонкдории исломӣ навъе бонкдорӣ ё фаъолияти бонкӣ аст, ки бо аҳкоми ислом ба вижа аз манзари манъи рибо ҳамхонӣ дорад ва дар қолаби иқтисоди исломӣ таъриф мешавад.

Соҳибкорбонки Тоҷикистон дар соли 1999 дар Хуҷанд ифтитоҳ шуд.

Ин бонк ҳамчунин дар шаҳрҳои Душанбе, Конибодом, Исфара ва Бохтар намояндагӣ дорад.