Декабр 10, 2018 10:17 Asia/Dushanbe
  • Дархости намояндаи Маҷлиси Тоҷикистон барои вогузории воридоти дору ба ниҳодҳои давлатӣ

Як намояндаи маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон мамнуъияти воридоти дору аз сӯи бахши хусусӣ ва вогузории ин ихтиёрот ба ниҳодҳои ҳукуматиро хостор шуд.

Ба гузориши сайти рӯзномаи “Садои мардум” нашрияи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, Анвар Тағоймуродов, ки қаблан аз мақомоти аршади Вазороти корҳои дохилаи ин кишвар буд, пешниҳод кардааст, ки ҳақи воридоти дору ва таҷҳизоти пизишкӣ аз бахши хусусӣ гирифта ва ба ниҳодҳои давлатӣ вогузар шавад.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон ахиран гузориш дод, ки дар 11 моҳи имсол 127 тон дору, ғизои кӯдак ва маводи ороишие, ки таърихи масрафашон гузашта ва ғайристандарт дар ин кишвар шиносоӣ ва нобуд шудааст.

Ин намояндаи маҷлис бо ишора ба ин гузориш, мамнуъияти фаъолияти бахши хусусиро дар ин замина хостор шуд.

Аммо Насим Олимзода вазири тандурустии Тоҷикистон гуфтааст, ки дар ин кишвар 265 ширкати хусусӣ дар заминаи воридоти дору ва таҷҳизоти пизишкӣ фаъолият мекунанд ва дар 11 моҳи гузашта алайҳи афроди қонуншикан 500 парванда ташкил ва онон ба пардохти як миллиону100 ҳазор сомонӣ ҷарима маҳкум шудаанд.

Ба гуфтаи вазири тандурустии Тоҷикистон феълан дар ин кишвар бозори воридоти дору озод аст ва ду ҳазору 450 дорухона фаъол аст, ки 500 дорухона дар шаҳри Душанбе воқеъ шудааст.