Декабр 12, 2018 12:09 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи посгоҳи нави марзӣ байни Тоҷикистон ва Афғонистон

Посгоҳи нави марзӣ дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон гушоиш ёфт.

Хабари ифтитоҳи посгоҳи нави марзӣ миёни Тоҷикистон ва Афғонистонро Муҳаммад Улуғхоҷаов сухангӯи неруҳои марзбонии вобаста ба Кумитаи давлатии амнияти милии Тоҷикистон ба хабаргузории Авеста эълом карда ва афзудааст, ки посгоҳи "Файзобод қалъа" ба тамомии имконоти мавриди ниёз муҷаҳҳаз шудааст.

Тибқи гуфтаи ин манбаъ дар маросими ифтитоҳи посгоҳи нави марзӣ миёни Тоҷикистон ва Афғонистон генерал Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи неруҳои марзбонии вобаста ба Кумитаи давлатии амнияти милии Тоҷикистон ҳузур дошт.

Тоҷикистон ва Афғонгистон наздик ба 1400 километр марзи муштарак доранд, ки ҳамвора аз лиҳози масоили амниятӣ, қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ хабарсоз будааст.