Декабр 13, 2018 14:06 Asia/Dushanbe
  • Хези Чин барои сохти корхонаҳои муштарак дар Тоҷикистон

Ҳайъати тиҷории Чин дар сафаре ба Тоҷикистон бо имконот ва шароити иқтисодии ин кишвар ошно ва ба эҷоди корхона ва ширкатҳои муштараки санъатӣ ибрози алоқа кард.  

Ба гузориши Форс, Одил Сангов, муовини Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо ҳайъати минтақаи Чанчии Чин дар Душанбе дидор ва гуфтугӯ кард.

Тарафайн зимни баррасии равобити дуҷониба ба ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ бо тамарказ бар таомулоти минтақаӣ миёни 2 кишвар таваҷҷуҳи вижае карданд.

Дар ин дидор таъкид шуд, дар Тоҷикистон барои эҷоди ҳамкориҳои созанда бо тоҷирони Чин шароити муносибе эҷод ва истифодаи муассир аз фурсатҳо барои ҳар 2 тараф судманд аст.  

Муовини Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо ишора ба сатҳи болои ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ ва 26-умин солгарди барқарории равобити дипломатик миёни 2 кишвар таъкид кард: Ибтикороти Чин дар чорчуби тарҳи “Як камарбанд, як ҷодда” мавриди таваҷҷуҳи вижаи тарафи тоҷик қарор доранд.  

Ҳайъати Чин низ ба ҳамкорӣ бо тарафи тоҷик дар бахшҳои мухталифи иқтисодӣ ба вижа эҷоди корхонаҳои муштарак ва тавсеаи ширкатҳои санъатӣ ибрози алоқа кард.

Дар ин нишаст пешниҳодоте барои ҳамкорӣ дар заминаи энержӣ, эҷоди ширкатҳои муштарак бо ҷазби фанновариҳои пешрафтаи чинӣ дар тавсеаи захоир маъданӣ, нақлиёт, иртиботот, химия, металлургия, саноеи фароварӣ, кишоварзӣ, гардишгарӣ ва сохти анборҳои модерн барои захирасозии сабзавот ва мева сурат гирифт.