Декабр 18, 2018 10:00 Asia/Dushanbe
  • Ташкили парванда алайҳи мудири бонки “Эсхата” ба иттиҳоми нақзи Қонуни танзими маросим

Мақомоти пулис ва кормандони бахши танзими ҷашну маросим дар ноҳияи Кӯшониён, дар вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон алайҳи Бахтиёр Амонов, мудири шуъбаи бонки “Эсхата” ба иттиҳоми нақзи Қонуни танзими ҷашну маросим парванда ташкил додаанд.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, Бахтиёр Амонов дар тарабхонае дар ноҳияи Кӯшониён бо нақзи Қонуни танзими ҷашну маросим дар Тоҷикистон ҷашни 40-солагии худро бо ҳузури 15 меҳмон баргузор кардааст.

Дар Тоҷикистон, бар асоси Қонуни танзими ҷашну маросим, баргузории ҷашни таваллуд танҳо дар хона ва бо ҳузури аъзои хонавода муҷоз аст. Аз сӯйи дигар мақомоти пулис ва кормандони бахши танзими ҷашну маросим муддаӣ ҳастанд, Бахтиёр Амонов мудири шуъбаи бонки “Эсхата” дар ноҳия Вахш аст, аммо ҷашни таваллуди 40-солагияшро дар тарабхонае дар ноҳияи Кӯшониён, ки дар ҳамсоягии маҳалли кори ӯ воқеъ шудааст, баргузор карда, қасдаш ин будааст, мақомот аз ин амал мутталеъ нашаванд.

Коршиносон мегӯянд, додгоҳ Бахтиёр Амоновро ба иттиҳоми нақзи Қонуни танзими ҷашну маросим ба пардохти 5 ҳазор сомонӣ ҷаримаи молӣ (муодили 500 доллар) маҳкум хоҳад кард.

Бар асоси ислоҳияе, ки дар моҳи августи соли 2017 ба Қонуни танзими ҷашну маросими Тоҷикистон ворид шуд, чунончи, аъзои ҳукумат, мақомоти давлатӣ дар вилояту ноҳияҳо, масъулон ва кормандони интизомию амниятӣ, додгоҳҳо, додситонӣ, гумрук, молиёт, фарҳанг ва омӯзишу парвариш, беҳдошт ва дармон ва Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии ин кишвар ин қонунро худ ё фарзандонишон нақз кунанд, аз симматҳои хеш барканор хоҳанд шуд.