Декабр 23, 2018 10:50 Asia/Dushanbe
  • Таҷлил аз хадамоти марҳум Ғафуров дар Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Русия

Дар нишасте дар Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии вобаста ба Фарҳангистони улуми Русия аз ҷойгоҳ ва хадамоти илмии марҳум Бобоҷон Ғафуров раиси ин ниҳоди илмӣ дар даврони Шӯравии собиқ таҷлил шуд.

Ба гузориши хабаргузории давлатии Ховар, дар ин нишасти илмӣ донишмандони Фарҳангистони улуми Русия ва Тоҷикистон роҷеъ ба хадамоти Бобоҷон Ғафуров дар рушди масоили ховаршиносии вақти Шӯравии собиқ суханронӣ карданд.

Доктор Виталий Наумкин раиси Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии вобаста ба Фарҳангистони улуми Русия дар ин нишаст таъкид кард, ки бо талошҳои Бобоҷон Ғафуров таваҷҷуҳи илми ховаршиносии вақт ба омӯзиши масоили Эрон, Ҳинд, Покистон, Афғонистон, Чин ва кишварҳои Осиё, Ховари Миёна ва Африқо афзоиш ёфт, ки сабаби таҳкими равобити Шӯравии собиқ бо ин кишварҳо гардид ва таҷрибаи он дарвони Русияии феълӣ низ ба манзури тақвияти муносиботи Маскав бо ҷаҳони ислом мавриди истифода қарор мегирад.

Бобоҷон Ғафуров, ки тайи солҳои 1946 то 1956 раҳбари Ҷумҳурии Тоҷикистони вақт буд, пас аз истеъфо аз ин симат ба муддати 21 сол раёсати Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии вобаста ба Фарҳангистони улуми Шӯравиро бар уҳда дошт ва дар ин муддат барои таҳкими равобити Маскав бо кишварҳои ҳамсоя ва ҷаҳони ислом хадамоти шоистае кардааст.

Дар ин нишаст пешниҳод шуд, ки ба поси хадамоти илмии марҳум Бобоҷон Ғафуров дар рушди масоили ховаршиносӣ, Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии вобаста ба Фарҳангистони улуми Русия ба номи ин донишманди тоҷик номгузорӣ шавад.

Нишасти Маскав ба муносибати 110-умин солгарди зодрӯзи марҳум Бобоҷон Ғафуров баргузор шуд.