Боздошти масъули собиқи Ҳизби наҳзати исломӣ дар ноҳияи Панҷакент
Масъули собиқи ҳизби фаъолияташ мамнӯи наҳзати исломӣ дар ноҳияи Панҷакент дар вилояти Суғд боздошт шудааст.
Ба гузориши сомонаи Ахбор, Алиҷон Аҳмадов, ки то соли 2013 масъули созмони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи Наҳзати исломӣ дар ноҳияи Панҷакент буд, ахиран боздошт ва ба шаҳри Хуҷанд мунтақил шудааст.
Дар бораи сабаби боздошти ин мақоми собиқи ҳизби мамнӯи Наҳзати исломии Тоҷикистон ҳеҷ тавзеҳе дода нашудааст.
Дар ҳоле ки Алиҷон Аҳмадов пас аз канорагирӣ аз масъулияти ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи Наҳзати исломӣ дар ноҳияи Панҷакент дар сол 2013, ба мусофиркашӣ машғул буд,
Додгоҳи ноҳияи Панҷакент дар соли 2015 пас аз мамнӯияти фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба иттиҳоми иртибот бо шӯриши генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини вақти вазири дифои ин кишвар, Сино Абдурраҳмоновро, ки ҷойгузини Алиҷон Аҳмадов дар симати раёсати созмони ин ҳизб дар ноҳияи Панҷакент шуда буд, ба 15 соли зиндон маҳкум кард.
Мақомоти ноҳияи Панҷакент дар соли 2014 ба баҳонаи бозсозии роҳи марказии ин шаҳр, бинои дафтари Ҳизби наҳзати исломиро қабл аз мамнӯияти фаъолияти он вайрон карданд.
Мақомоти додгоҳии Тоҷикистон садҳо нафар аз аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро пас аз мамнӯияти фаъолияти он, ба иттиҳоми иртибот бо ин шӯриш боздошт ва ба зиндон маҳкум кардаанд.
Теъдоде аз масъулон ва аъзои аршади ин ҳизб низ ҳамакнун ба унвони паноҳанда дар кишварҳои аврупоӣ ба сар мебаранд ва ҳар навъ иртибот бо шӯриши генерал Абдуҳалим Назарзода дар моҳи сентябри соли 2015-ро рад мекунанд.