Тағйири беш аз ҳазор номи ҷуғрофӣ дар Тоҷикистон  
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i40408-Тағйири_беш_аз_ҳазор_номи_ҷуғрофӣ_дар_Тоҷикистон
Тайи 18 соли ахир дар Тоҷикистон номи 1 ҳазору 113 минтақаи ҷуғрофӣ аз ҷумла як вилоят, 7 шаҳр, 23 ноҳия, 17 шаҳрак, 98 фармондорӣ ва 966 русто тағйир кардааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 24, 2018 06:49 Asia/Dushanbe
  • Тағйири беш аз ҳазор номи ҷуғрофӣ дар Тоҷикистон  

Тайи 18 соли ахир дар Тоҷикистон номи 1 ҳазору 113 минтақаи ҷуғрофӣ аз ҷумла як вилоят, 7 шаҳр, 23 ноҳия, 17 шаҳрак, 98 фармондорӣ ва 966 русто тағйир кардааст.

Ба гузориши сомонаи Спутник, ин иқдом ба манзури тағйири номҳои бегона ва боқимонда аз даврони ҳукумати Шӯравӣ, анҷом шудааст ва мақомот ва донишмандони Тоҷикистон мӯътақиданд, ки бояд номҳои аслӣ ва таърихии ин маконҳо дубора барқарор шавад.

Бар ин асос, тайи 18 соли ахир номҳои 23 ноҳия аз 51 ноҳияи Тоҷикистон тағйир кардааст, ки 12 минтақа шомили вилояти Хатлон, 2 минтақа шомили вилояти Суғд, 5 минтақа дар марказ ва 4 минтақа ба шаҳри Душанбе тааллуқ дорад. Аммо теъдоде аз донишмандони тоҷик аз раванди тағйири номҳои ҷуғрофиёӣ дар ин кишвар ба далели яксон шудан ва такрори номҳои маҳаллҳои зиёд интиқод кардаанд. Чунон чӣ Муҳаммадюсуф Имомзода, раиси Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон ахиран дар нишасти Маҷлиси миллии ин кишвар гуфтааст, ки дар пайи тағйири номи маконҳои ҷуғрофиёӣ акнун 31 макон Ваҳдат, 41 макон Гулистон, 25 макон Истиқлол, 26 макон Бӯстон ва 15 макон Баҳористон ном гирифтаанд, ки дуруст нест.

Вай мӯътақид аст, ки ниҳодани номҳое монанди Наврӯз, Меҳргон, Намуна, Орзӯ, Саховат ва Ҷавонӣ ба маконҳои ҷуғрофиёӣ бавижа рустоҳо иштибоҳ аст ва бо фарҳанги миллӣ ва суннати номгузории тоҷикон ҳамхонӣ надорад.