Бемории ҷигар – иллати фавти Файзинисо Воҳидова
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i40785-Бемории_ҷигар_иллати_фавти_Файзинисо_Воҳидова
Пизишкони муолиҷ иллати фавти хонум Файзинисо Воҳидова, мудофеи маъруфи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказиро маризи музмини ҷигар эълом карданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 08, 2019 05:56 Asia/Dushanbe
  • Бемории ҷигар – иллати фавти Файзинисо Воҳидова

Пизишкони муолиҷ иллати фавти хонум Файзинисо Воҳидова, мудофеи маъруфи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказиро маризи музмини ҷигар эълом карданд.

Ба гузориши сомонаи «TopTJ», Хуршед Оқилов, пизишки бемористони марказии шаҳри Хуҷанд, ки як ҳафта ба дармони хонум Воҳидова машғул будааст, мегӯяд, ки ӯ аз бемории музмини ҷигар ранҷ мебурд. Ҳамчунин Набиҷон Рауфов, пизишки бемористони хусусии "Наргис", ки хонум Воҳидова барои ташхис ба ин маркази муроҷиа мекард, гуфтааст, ки аз соли 2015 бемории ҷигари ӯ мушаххас гардида, тавсия шуда буд, ки бояд ҳар сол ду бор таҳти дармон қарор гирад, аммо ӯ ҳамвора бо баҳонаи кори зиёд доштан ба бемории хеш камтар таваҷҷуҳ мекард.

Файзинисо Воҳидова субҳи 4-уми январ дар синни 55 аз олам чашм пӯшид.

Гуфта мешавад, ки Файзинисо Воҳидова ду ҳафта қабл бо бемории илтиҳоби шӯш дар бемористон бистарӣ шуд ва шаби 24 декабр, ки зодрӯзаш ҳам буд, якбора ҳолаш ногувор шуд ва ба кома рафт. Ба дунболи ин ҳодиса теъдоде аз намояндагони ҷомеаи мадании Тоҷикистон фавти ӯро шакбарангез дониста буданд.

Файзинисо Воҳидова танҳо мудофеи ҳуқуқи башар дар дохили Тоҷикистон буд, ки бидуни тарс дар бораи масоили муҳими ҷомеаи ин кишвар ибрози назар мекард. Мақомоти Тоҷикистон дар соли 2017 ба далели мавозеи сарсахтонааш дар масоили ҳуқуқи башар дар ин кишвар хурӯҷи ӯро аз ин кишвар мамнӯъ карданд.