Манобеи Додситонии кулли Тоҷикистон: Мастии марзбонон иллати тасодуфи ронандагӣ дар Бадахшон
Манобеи Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтаанд, иллати кушта шудани ду нафар дар ҳодисаи ронандагии рӯзи аввали моҳи декабри соли 2018 дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон мастии афсарони нерӯи марзбонӣ будааст.
Ба гузориши сомонаи Тоҷик ТА, акнун ду афсари марзбонии муқассир дар ин ҳодиса боздошт шудаанд, ки додгоҳ метавонад ононро аз 5 то 10 сол ба зиндон маҳкум кунад ва пас аз озодӣ низ ин афрод аз ҳаққи фаъолият дар идороти давлатӣ ба муддати 5 сол маҳрум хоҳанд шуд.
Бар асоси ин гузориш, афсарони нерӯи марзбонӣ дар ҳоли мастӣ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи аслии шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон, дар наздикии нерӯгоҳи барқӣ - обии мавсум ба Помир – 1 бо мошини идорӣ ба минибуси мусофиркаш бархурд кардаанд, ки дар натиҷаи ин ҳодиса ду нафар аз мусофирон, азҷумла як зани бордор кушта шуда ва ду тани дигар ба шиддат захмӣ шудаанд.
Ин дар ҳоле аст, ки идораи роҳнамоӣ ва ронандагии шаҳри Душанбе хабар додааст, ки танҳо тайи як ҳафта дар роҳҳои пойтахти Тоҷикистон 3 ҳазору 379 ҳазор мавриди тахаллуфоти ронандагӣ сабт шудааст, ки 7 маврид ба маст будани ронандагони васоили нақлия бармегардад.
Аз дидгоҳи коршиносон, яке аз иллатҳои афзоиши ҳаводиси пурқурбонии ронандагӣ дар роҳҳои Тоҷикистон маст будани моликони васоили нақлия аст, ки дар миёни ҷавонон роиҷ шудааст.