Январ 21, 2019 20:53 Asia/Dushanbe
  • Барканории роҳбари “Тоҷик Эйр” ва раиси “Амонатбонк”   

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21 январ дар ҷаласаи солонаи ҳукумат аз фаъолияти ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ва бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” башиддат интиқод карда, роҳбари “Тоҷик Эйр” Хайрулло Раҳимов ва раиси “Амонатбонк” Руҳуллоҳ Ҳакимзодаро аз толори ҷаласа ҷавоб додааст.

Ба нақл аз Ахбор, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21 январ дар ҷаласаи солонаи ҳукумат роҳбарони “Тоҷик Эйр” ва “Амонатбонк”- ро аз толори ҷаласа ҷавоб додааст. "Ба шумо ҷавоб!” – гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон хитоб ба Хайрулло Раҳимов, раиси ҳамакнун собиқи ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ва Руҳуллоҳ Ҳакимзода, раиси низ акнун собиқи бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк”.   

Манбаи Ахбор мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон ин ду мансабдори баландпояро дар қисмати аввали ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумат, ки нимаи аввали рӯзи 21 январ доир шуд, аз толор пеш кардааст.

Дар ин қисмати ҷаласа мавзӯи вазъи ногувори пешомада дар "Тоҷик Эйр” ва ҳолати буҳронӣ дар "Амонатбонк” баррасӣ шудааст.

Ба гуфтаи манбаи Ахбор, президент аз фаъолияти роҳбарони "Тоҷик Эйр” ва "Амонатбонк” хеле бо тундӣ интиқод кардааст.

Ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр”, ки ягона ширкати давлатии ҳавопаймоии Тоҷикистон аст, аз аввали соли 2019 тамоми парвозҳояшро ба далели мушкилоти молӣ қатъ кардааст.

Ахиран гузориш шуд, ки як ҳавопаймои "Боинг”-и "Тоҷик Эйр”-ро ба далели қарзҳояш аз ширкати маводи сӯхт ҳатто ба ҳабс гирифтаанд. Ҳоло аксари парвозҳои қатъшудаи "Тоҷик Эйр”-ро ширкати "Сомон Эйр” ба дасти худ гирифтааст.