Январ 23, 2019 20:18 Asia/Dushanbe
  • Натоиҷи таътилии давлати Амрико ба Тоҷикистон ҳам расид

Таътилии давлати федерали Амрико бар фаъолияти созмонҳои амрикоӣ дар Тоҷикистон низ таъсир гузоштааст.  

Ба нақл аз Ка-Ниюз, кормандони созмонҳоии амрикоии фаъол дар Тоҷикистон ба далели таътилии давлати федерал ба рухсатии бидуни маош рафтаанд.

Яке аз кормандони созмони амрикоии фаъол дар обёрии заминҳои кишоварзии Тоҷикистон бидуни ифшои номи хеш гуфтааст, ки аз онон хостаанд, ки барои як моҳ ба рухсатии бидуни маош бираванд ва имкон дорад, ки ин муддат тамдид шавад.

Ҳамчунин ба ин афрод дастур дода шудааст, ки аз гуфтугӯ бо хабарнигорон худдорӣ кунанд.

Аз сӯи дигар, чандин тарҳ, ки бар асоси барномаи рушди умури байналмилалии Амрико (USAID ) дар Тоҷикистон дар ҳоли иҷро буд, ба ҳоли таълиқ даромадааст.

Яке аз ин барномаҳо таҳқиқ дар умури саломатии коргарони муҳоҷир ва мубориза бо бемории сил дар Тоҷикистон буда, ки иҷрои он таълиқ шудааст.  

Ин барнома қарор буд, аз сӯи намояндагии Созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар Тоҷикистон бо кумаки молии Амрико иҷроӣ шавад.

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон низ бо интишори баёнияе таъкид кардааст, ки ба далели таътилии давлати федерали Амрико саҳифаи хеш дар шабакаи Фейсбукро ба рӯзрасонӣ нахоҳад кард.