Кумитаи ҳолатҳои фавқулода: роҳи Хоруғ-Ишкошим ҳануз бастааст
Январ 24, 2019 12:59 Asia/Dushanbe
Ҳаракати нақлиёт,ки бар асари бориши бисёри барф ва резиши тарма дар шимоли шаҳри Душанбе дар қаламрави ноҳияи Айнӣ мутаваққиф шуда буд, акнун аз сар гирифта шуда ва роҳҳо боз шудаанд, аммо хатари резиши тарма ва санг дар рҳҳои куҳӣ ҳануз бартараф нашудааст.
Ба нақл аз Спутник, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон эълом кард, роҳи Хоруғ-Ишкошим ҳануз бастааст, аммо дигар роҳҳои Тоҷикистон ҳама боз шудаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз ронандагон хостааст тибқи тавсияҳои маъмурони хадамоти байни роҳӣ сафар карда ва қоъидаҳои бехатариро риоят кунанд.