Январ 29, 2019 17:57 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон хариди гази табиӣ аз Узбакистонро чаҳор баробар мекунад

Ширкати тақсимоти гази Тоҷикистон ният дорад, ки имсол интиқоли гази табииро аз Узбакистон 4 баробар зиёд кунад.

Ба нақл аз Азия-Плюс, таъмини аҳолӣ бо гази табиӣ танҳо баъди таъмиру барқарор кардани қубурҳои фишори паст оғоз мегардад.

Муовини роҳбари ҶСК “Тоҷиктрансгаз” Шавкат Шоимзода зимни нишасти хабарӣ гуфт, Тоҷикистон имсол аз Узбакистон то 200 миллион метри мукааб гази табиӣ хариданист.

Ӯ қайд кард, ки байни ширкатҳои тақсимоти гази кишварҳо дар ин хусус созиши усулӣ ҳосил шуда, айни замон ҷузъиёти созишнома баррасӣ ва сипас он ба имзо хоҳад расид.

Намояндаи “Тоҷиктрансгаз” хотиррасон намуд, ки интиқоли ин навъи сӯзишворӣ аз кишвари ҳамсоя баъди танаффуси қариб шашсола моҳи апрели соли гузашта барқарор шуда, соли 2018 аз Узбакистон ба кишвар ҳудуди 54 миллион метри мукааб газ интиқол дода шудааст.

Бино ба гуфтаи номбурда, айни замон беш аз 20 корхонаҳо, аз ҷумла Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) ва Маркази барқу гармидиҳии Душанбе бо гази воридотӣ таъмин гардида, шумори истеъмолгарон ҳар моҳ меафзояд.