Феврал 14, 2019 13:09 Asia/Dushanbe
  • Истирдоди мақоми пешини Ҳизби наҳзати исломӣ аз Русия ба Тоҷикистон

Дар вилояти Самара роҳбари шӯъбаи Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон Раҳматулло Баротов боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шудааст.  

Ба гузориши Садои Хуросон, кормандони ФСБ Русия дар вилояти Самара раиси шӯъбаи Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистонро боздошт карданд. Дар ин бора расонаҳои маҳаллии Русия хабар медиҳанд.

“Раҳматулло Баротов 52-сола, раиси шӯъбаи ҲНИТ мебошад. Пас аз он ки ҳизб дар соли 2015 дар Тоҷикистон мамнӯъ шуд, Баротов ба Русия омада, фаъолияташро ба хотири манфиатҳои ҳизб идома додааст", - гуфта мешавад дар хабар.

Ба иттилои тафтишот, вай дар вилояти Самара ақидаҳои ташкилотро паҳн мекард ва шаҳрвандонро ба сафи он ҷалб менамуд.

Боздоштшуда аз Русия ихроҷ ба дасти мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон супорида шуд.

Охири соли 2015 Суди Олии Тоҷикистон бо даъвои додситони кулли Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломро террористиву экстремистӣ эълон кард ва фаъолияти онро дар ҳудуди кишвар мамнӯъ намуд.