Феврал 17, 2019 11:10 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон дар ҷойгоҳи нахусти афзоиши тавлиди нохолиси дохилӣ дар ИДМ

Кумитаи омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълом кард, Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асоси афзоиши тавлиди нохолиси дохилӣ дар миёни кишварҳои ин иттиҳодия дар болотарин ҷойгоҳ қарор дорад.

Ба гузориши хабаргузории Ховар, ин кумита бо нашри иттилоияе афзуд, Тоҷикистон бо афзоиши 7.3 дарсадии тавлиди нохолиси дохилӣ дар миёни кишварҳои ИДМ пешсаф аст.

Дар ин иттилоия таъкид шудааст, ки баъд аз Тоҷикистон, Ҷумҳурии Туркманистон бо афзоиши 6.2 дарсадӣ, мақоми дувум ва Арманистон бо афзоиши 6 дарсадӣ, дар мақоми севум қарор гирифтаанд.

Тибқи иттилои ин кумита, афзоиши тақрибии тавлиди нохолси дохилӣ дар қаламрави кишварҳои ИДМ 2.2 дарсадро ташкил медиҳад.

Тавлиди нохолиси дохилии кишварҳои Украина 2.8 дарсад, Русия 2.3 дарсад ва Озарбойҷон 1.4 дарсад эълом шудааст.

Илова бар ин, Тоҷикистон бар асоси афзоиши тавлиди маҳсулоти саноатӣ ҷузъи се кишвари пешқадами кишварҳои ИДМ қарор гирифт.

Узбакистон бо 14.4 дарсад дар мақоми нахуст, Тоҷикистон бо 11.8 дарсад дар мақоми дувум ва Беларус бо 5.7 дарсад дар мақоми севуми радабандӣ қарор доранд.

Русияи 2.9 дарсад, Озарбойҷон 1.5 дарсад ва Украина 1.1 дарсад тавлиди маҳсулоти саноатӣ доштаанд.

Бар асоси ин омор, афзоиши тавлидоти саноатӣ дар кишварҳои ИДМ 2.8 дарсадро ташкил медиҳад.

Соли 2018 ҳаҷми тавлиди нохолиси дохилии Тоҷикистон 68.8 миллиард сомонӣ ё муодили бештар аз 7.3 миллиард доллар муҳосиба шуда буд. Афзоиши иқтисодиёт аз барномаи пешбинишудаи давлат 0.3 дарсад бештар таъмин шуд.