Ҷойгоҳи Тоҷикистон дар қаламрави ИДМ аз нигоҳи маҷаллаи амрикоӣ
Маҷаллаи амрикоии “The Fragile States Index” дар гузориши солонаи худ, Тоҷикистонро аз нигоҳи шохисҳои афзоиши ҷамъият, авзои сиёсӣ ва иқтисодӣ ва нотавонӣ дар ҳифзи тамомияти арзӣ, заифтарин кишвар дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) унвон кардааст.
Ба гузориши сомонаи “Тоҷвик”, дар ин гузориш таъкид шудааст, ки дар соли 2019 Тоҷикистон дар ин маврид ҷойгоҳи худро ду зина боло бурда ва дар радифи 65, дар миёни 178 кишвари ҷаҳон қарор гирифтааст. Аммо аз нигоҳи шохисҳои муҳоҷират, нобаробарии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, маҳдуд будани хадамоти давлатӣ, пойбандӣ ба қонун, мурооти ҳуқуқи шаҳрвандон ва вобастагӣ аз сармоягузории хориҷии Тоҷикистон дар қаламрави кишварҳои узви ИДМ дар ҷойгоҳи аз ҳама пойинтар қарор гирифтааст.
Дар ин радабандӣ Қазоқистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷойгоҳи нахуст ва дар радифи 116 ҷаҳонӣ воқеъ шудааст.
Узбакистон ва Қирғизистон низ дар ин радабандӣ бо қарор гирифтан дар ҷойгоҳҳои 70 ва 68 ҷаҳонӣ, ҳамонанди Тоҷикистон кишварҳое муаррифӣ шудаанд, ки аз нигоҳи шохисҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мавқеияти номатлуб доранд.
Туркманистон бо қарор гирифтан дар ҷойгоҳи 85 ҷаҳонӣ каме болотар аз Ӯзбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон воқеъ шудааст.