Апрел 16, 2019 13:38 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон дуввумин кишвари фасодзада дар Осиёи Миёна

Як созмони байналмиллалӣ дар тозатарин арзёбии худ пайромуни вазъияти фасод, Тоҷикистонро ба унвони дуввумин кишвари фасодзада дар Осиёи Миёна эълом кардааст.

Ба нақл аз К-Нюз, созмони байналмиллалии The Risk Advisory Group, дар гузорише бо унвони ҳушдорҳо дар заминаи фасоди 2019 Тоҷикистонро пас аз Туркманистон дуввумин кишвари фасодзада дар сатҳи минтақа баршумурдааст.

Кишварҳои Узбакистон, Қирғизистон ва Қазоқистон дар радаҳои баъдӣ қарор доранд.

Ин гузориш шомили 3 бахши мизони олудагӣ ба фасод, хатари фасоди молӣ ва камбуди ахбор ва иттилоот дар бораи фасод аст.

Ин барои нахустин бор нест, ки созмонҳои байналмиллалӣ аз сатҳи болои фасод дар Тоҷикистон ҳушдор медиҳанд.

Мақомоти ҳукуматии Тоҷикистон тибқи маъмул чунин арзёбиҳоеро рад мекунанд.