Апрел 18, 2019 10:10 Asia/Dushanbe
  • Дархости коршиносони Созмони Миллали Муттаҳид аз Тоҷикистон

Коршиносони Созмони Миллали Муттаҳид аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, ки аз ҳуқуқи коргарони ин кишвар дар хориҷ дифоъ кунад.

Ба нақл аз сомонаи Ка-Нюз, ин матлаб ахиран дар ҷараёни баррасии гузориши Кумитаи Созмони Миллали Муттаҳид дар умури ҳуқуқи коргарони муҳоҷир ва аъзои хонаводаҳои онон баён шуд.

Коршиносони Созмони Миллал аз боло будани мизони фасоди молӣ ва ришват дар идораҳои давлатии Тоҷикистон аз ҷумла сафоратхонаҳо ва консулгариҳои ин кишвар дар хориҷ, ихроҷи коргарони муҳоҷири тоҷик бидуни далели мустанаду кофӣ аз бархе ҷумҳуриҳои узви Ҷомеъаи ҳамсуд ибрози нигаронӣ кардаанд.

Аъзои Кумитаи Созмони Миллали Муттаҳид дар умури ҳуқуқи коргарони муҳоҷир ва аъзои хонаводаҳои онон аз мақомоти ҳукумати Тоҷикистон  барои кумак ба коргарони муҳоҷири тоҷик, ки дар хориҷ аз шаҳрҳои бузурги Русия фаолият мекунанд, иқдом кунанд чаро ки фарзандони ин афрод аз имкони рафтан ба мактаб маҳруманд, хадамоти дармонӣ ва беҳдоштӣ надоранд ва мавриди бадрафторӣ ва хушунат қарор мегиранд. Ҳатто дар чанд маврид замоне, ки волидайни ин кудаконро ба баҳонаи нақзи қавонини муҳоҷират ва кори Русия боздошт кардаанд фарзандони онон ба парваришгоҳҳо мунтақил шудаанд.

Ҳамчунин ҳукумати Тоҷикистон барои коргарони ихроҷии ин кишвар аз Русия дар дохили Тоҷикистон иштиғолзоӣ намекунад. Ба ин манзур ба ин ашхос карзҳои иштиғолзоӣ бо баҳраи кам ихтисос дода намешавад. Дар дохили Тоҷикистон низ кудакони хонаводаҳое, ки волидайни онон барои кор ба Русия рафтаанд дар шароити ногувор қарор доранд.