Май 06, 2019 09:27 Asia/Dushanbe
  • Вуруди беш аз 200 ҳазор  гардишгар ба Тоҷикистон таи се моҳи ахир

Кумитаи рушди гардишгарии вобаста ба Ҳукумати Тоҷикистон аз вуруди 215 ҳазор гардишгари хориҷӣ ба ин кишвар таи се моҳи нахусти имсол хабар дод.

Ба нақл аз сомонаи Спутник, ин Кумита эълом кардааст,ки дар соли 2018 барои  бори нахуст беш аз 1 миллион гардишгари хориҷӣ ба Тоҷикистон ворид шудааст. Акнун дар Тоҷикистон 145 ширкат ба гардишгарони хориҷӣ хадамот ироа мекунанд,ки дар соли 2018 теъдоди ин ширкатҳо бо афзоиши як баробарӣ ру ба ру шудааст.

Даромади ширкатҳои гардишгарии Тоҷикистон дар соли 2018 беш аз 16 миллион ва 900 ҳазор сомонӣ эълом шудааст.

Ҳамчунин дар соли 2018 барои 4 ҳазор ва 300 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар бахши санъати гардишгарӣ иштиғол эҷод шуд.

 Даромади кишвар аз ин бахш низ 214 миллион сомонӣ ( 22миллион доллар ) буд. Дар ҳоле,ки ин рақам дар соли 2017 ҳудуди 65 миллион сомонӣ буд.

Ба дастури Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳи 2019 то 2021 дар ин кишвар солҳои рушди деҳот, гардишгарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ номгузори шудааст.