Май 15, 2019 13:44 Asia/Dushanbe
  • Танбеҳи мақомоти Бонки миллӣ ва гумруки Тоҷикистон аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон

Раисҷумҳури Тоҷикистон мудирон ва муовинони Бонки миллӣ ва Хадамоти давлатии гумруки ин кишварро ба далели саҳлангорӣ ва ҷиддӣ набудан дар иҷрои вазифаҳояшон танбеҳ дод.

Ба нақл аз Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, бар асоси фармони Эмомалӣ Раҳмон, Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии ин кишвар ва 3 нафар аз муовинонаш ба далели саҳлангорӣ ва ҷиддӣ набудан дар иҷрои вазифаҳояшон танбеҳ шуданд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода ва се муовини ӯ, ба раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмуҳаммадзода ва муовинони ӯ "бо сабаби ба таври дахлдор иҷро накардани ӯҳдадориҳои мансабӣ ва вазифаҳои хизматиашон” танбеҳ дод. Эмомалӣ Раҳмон ҳамин тавр, муовинони раиси Кумитаи андоз, сардори Агентии нафақаи Сафаралӣ Наҷмиддиновро бо тамоми муовинонаш ва сардори Хадамоти нақлиётро аз мақом барканор кард.

Эмомалӣ Раҳмон ахиран дар дидор бо кормандони Вазорати молия, Кумитаи давлатии молиёт, Хадамоти давлатии гумрук ва Бонки миллии Тоҷикистон гуфта буд, ки фаъолияти номатлуби бонкҳо ва муассисаҳои моливу эътиборӣ мӯҷиб шудааст, ки эътимоди мардум ба низоми бонкии Тоҷикистон ба шиддат коҳиш ёбад.