Май 19, 2019 10:24 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли истирдоди як фаоли боздоштшудаи Ҳизби мамнуъаи наҳзати исломӣ дар Русия

Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, созмони фаол дар хориҷ аз ин минтақа аз эҳтимоли истирдоди як узви боздоштшудаи Ҳизби мамнуъаи наҳзати исломӣ аз Русия ба кишвараш ибрози нигаронӣ кардааст.

Ба нақл аз сомонаи Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, Амруллоҳ Мағзумов, ки аз соли 2015 дар Маскав тиҷорат мекард ҳангоми бозгашт аз Туркия ба Русия дар фурудгоҳи Внукова боздошт шудааст.

Вай, ки барои вуруди дубораи хеш ба Русия пас аз 180 рӯз ҳузур дар ин кишвар бояд ба хориҷ мерафт дар марзи Қазоқистон бо мумониъати марзбонони ин кишвар ру ба ру шуда ва гуфта шудааст, ки номи ӯ дар руйхатти афроди таҳти пайгарди қазоӣ қарор дорад ва наметавонад вориди ин кишвар шавад. Аз ин ру вай ба Истанбули Туркия парвоз мекунад ва ҳанкоми вуруди дубора ба Маскав марзбонони русӣ ба иттиҳоми таҳти пайгарди қазоибудан барои фаолиятҳои сиёсии гузаштааш, ба боздошти Амруллоҳ Мағзумов иқдом кардаанд.

Гуфта мешавад, ки вай аз соли 2015 ба далели афзоиши фишор ба аъзои Ҳизби мамнуъаи наҳзати исломии Тоҷикистон аз ин кишвар хориҷ шудааст ва дар Маскав ба сар мебарад.

Акнун ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки тарафи Русия вайро ба Тоҷикистон истирдод кунад чаро, ки теъдоде аз аъзо ва фаолони Ҳизби мамнуъаи наҳзати исломӣ аз Маскав ба кишвараш мунтақил ва ба зиндон маҳкум шудаанд.

Аз ҷумла Наъимҷон Самиов яке аз мақомоти баландпояи Ҳизби наҳзати исломӣ дар соли 2018 аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шуд ва дар моҳи апрели имсол ба 15 сол зиндон маҳкум шуд.

Мақомоти қазоии Тоҷикистон фаолияти Ҳизби наҳзати исломӣ дар ин кишвар дар моҳи сентябри соли 2015  ба иттиҳоми ҳамкорӣ дар шуриши генерал Абдулҳалим Назарзода муовини вақти вазири дифои ин кишвар мамнуъ карданд. Ба дунболи ин иқдом теъдоди зиёде аз аъзои аршади ин ҳизб боздошт ва ба зиндонҳои тулонӣ маҳкум шудаанд. Аммо мақомоти ин ҳизб ин иттиҳомотро беасос унвон мекунанд.