Май 20, 2019 12:28 Asia/Dushanbe
  •  Эмомалӣ Раҳмон; ҳадафи ДИИШ нуфуз дар Осиёи Марказӣ

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт; гурӯҳи террористии ДИИШ барои нуфуз ва эҷоди ноамнӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳоли интиқол ба Афғонистон аст.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, Эмомалӣ Раҳмон, дар Канфронси ҳамкории байналмиллалӣ ва минтақаии мубориза бо терроризм дар шаҳри Душанбе гуфт; иқдомҳои гурӯҳҳои терористӣ  таҳдиди ҷидӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ аст.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон афзуд ; гурӯҳҳои террористии ҳамчун ДИИШ дар талош ҳастанд то тасаллути худро бар минтақаи осиёи марказӣ бо ҳар васила ва абзоре афзоиш диҳанд.

Вай бо ишора ба руйкарди дугонаи бархе кишварҳо дар баробари терроризм гуфт; террористҳоро наметавон ба хуб ва бад тақсим кард.

Пеш аз ин низ мақомоти русия ва шуморе аз намояндагони парлумони Афғонистон ва коршиносони сиёсии афғон Амрикоро ба ҳимоят ва интиқоли ДИИШ ба Афғонистон мутаҳам карда буданд.