Июн 04, 2019 17:36 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрики раисҷумҳури Тоҷикистон ба муносибати Иди Фитр

Раисҷумҳури Тоҷикистон фаро расидани Иди саиди Фитрро ба мусалмонони кишвараш табрик гуфт.

Ба гузориши дафтари матбуотии раёсатҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёме бо табрики фаро расидани Иди саиди Фитр аз ҳамаи ононе, ки дар моҳи мубораки Рамазон ба фақирону ятимон, хонаводаҳои ниёзманд, маълулон, хонаҳои солмандон ва парваришгоҳҳо кумак кардаанд, ташаккур кард. Вай аз мардуми кишвараш хостааст, ки ҳамзамон бо вазоифи имонӣ ва эътиқодии хеш барои ҳифзи суботу амният дар Тоҷикистон талош ва аз гароиши насли ҷавон ба афкори гурӯҳҳои ифротӣ ҷилавгирӣ кунанд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид кардааст, омӯзишу дастовардҳои улуму фунуни ҷадид дар шароити рушду пешрафти фанновариҳои иттилоърасонӣ кори бисёр муҳиме аст, ки таъмини пешрафти Тоҷикистон дар оянда бидуни он ғайримумкин аст. Раҳмон ҳамчунин мардуми Тоҷикистонро ба сарфаҷӯӣ дар ҷашн ва барномаҳои Иди саиди Фитр фаро хондааст.

Дар Тоҷикистон чаҳоршанбе, панҷуми июн аввали моҳи шаввол ва Иди саиди Фитр эълом шудааст.