Июн 11, 2019 21:38 Asia/Dushanbe
  • Вокунишҳо ба рафтори номуносиби пулиси Русия бо шаш тоҷики мазнун ба қатл

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистону Русия рафтори номуносиби пулиси Русияро бо шаш тоҷики мазнун дар даргирие, ки мунҷар ба қатли Сергей Чуев, куштигири машҳури рус шуд, ба шиддат маҳкум карданд.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, дар пайи даргирии шаш нафар аз коргарони муҳоҷири тоҷик дар бӯстоне дар Маскав тоҷикҳо мавриди латукӯб қарор гирифтаву бараҳна дар диди умум қарор дода шуданд, ки ин иқдом бо мавҷе аз маҳкумияти корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шуд.

Мақомоти пулиси Русия муддаиянд, ки ин шаш тоҷик дар ҳолати мастӣ музоҳими духтарон дар бӯстони Маскав шуданду Чуев ба дифоъ аз ин духтарон бархеста буд, аммо бар асари даргирӣ ҷони худро аз даст дод. Аммо ин шаш тоҷик дар навори видеоие, ки пулиси Русия мунташир кард, мегӯянд, ки даргирӣ бо куштигири рус сирфан як низоъ будааст.

Аксари корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ муътақиданд, ҳатто дар сурати муқассир будани тоҷикҳо дар ин моҷаро пулис намебоист бо онон чунин таҳқиромез рафтор мекарду иттиҳоми ин афрод бояд дар додгоҳ собит гардад. Теъдоде аз фаъолони тоҷик дар хориҷ аз ин кишвар хостори роҳандозии таҷаммӯоти эътирозӣ алайҳи амалкарди пулиси Русия шудаанду мақомоти ҳукуматии тоҷикро ба нотавонӣ дар дифоъ аз ҳуқуқи атбои ин кишвар муттаҳам мекунанд. Шокирҷон Ҳакимов, коршиноси тоҷик низ бо маҳкум кардани иқдоми пулиси Русия гуфтааст, ки бояд дар равобити Душанбе ва Маскав таҷдиди назар шавад, зеро Русия борҳо дар баробари куштори фаҷеи корагони муҳоҷири тоҷик, ки миёни онон кӯдакон низ буданд, заъф нишон доду ин парвандаҳо ба ҷое нарасид, ки нишон медиҳад, Маскав ба тааҳҳудоти байналмилалии хеш дар умури риояти ҳуқуқи коргарони муҳоҷир, аз ҷумла тоҷикон пойбанд нест.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав эълом кардааст, ки бо фиристодани ёддошт ба Вазорати кишвари Русия хостори расидагии одилона ба ин моҷаро ва арзёбии амалкарди кормандони пулис шудааст.

Гуфта мешавад, кормандони сафорати Тоҷикистон дар Маскав бо ҳузур дар боздоштгоҳи муваққати пулиси Маскав бо ин шаш тоҷик дидор кардаанд.