Июн 15, 2019 17:29 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон хостори муборизаи аъзои СИКА бо омилҳои таҳдиди амнияти минтақа ва ҷаҳон

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаи ҷиддии ҳамаи кишварҳои узви СИКА-ро бо омилҳои таҳдиди амнияти минтақаӣ ва байналмилалӣ хостор шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Ховар”, Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суханронӣ дар нишасти сарони кишварҳои узви СИКА таъкид кард, зуҳуроти афзоишёбандаи терроризм ва ифротгароӣ, ҷиноёти муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои сойберӣ ба амнияти минтақаӣ ва байналмилалӣ таҳдид мекунад ва муборизаи ҷиддии ҳамаи кишварҳои узви СИКА бо ин таҳдидҳоро тақозо менамояд.

Раҳмон афзуд, айн замон минтақаи бузурги Осиё бо таҳдидҳое рӯ ба рӯ аст, ки дар пасманзари онҳо сарнавишти таърихии мардум дар роҳи саъю талошҳо баҳри устуворӣ ва рушди иқтисодии муштарак бо ҳам пайванд хурдааст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон бар зарурати пешбурди минбаъдаи талошҳо ҷиҳати таҳкими сулҳу субот ва амният дар Осиё, таъмиқи ҳамкории бисёрҷанба ва татбиқи тадобири эътимодсозиро дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, муҳитзистӣ ва башардӯстона дар чорчӯби СИКА таъкид кард.

Раҳмон коҳиши камбизоатӣ ва мизони бекориро аз тадобири муҳим дар ҳалли масоили иқтисодӣ ва пешгирӣ аз осебҳои иҷтимоӣ ва амниятӣ донист.

Вай ҳамчунин вазъияти печидаи Афғонистони ҳамсояро низ боиси нигаронии ҷиддӣ арзёбӣ кард ва андешидани тадобири самарабахш ва ҳамоҳангсозии минбаъдаи талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла давлатҳои узви СИКА-ро дар ҳалли қазияи Афғонистон муҳим донист.

Раҳмон изҳор дошт, ки Тоҷикистон дар давраи раёсати худ ба пешбурди ҳамкорӣ дар бахши гардишгарӣ ва беҳтарсозии мушорикати кишварҳо дар ин самт мусоидат хоҳад кард.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон ба манзури шиносоии намояндагони кишварҳои узви СИКО бо мероси фарҳангӣ, таърихӣ ва захираҳои ғании табиии ин кишвар, ҳамчунин эҷоди замина барои ҷустуҷӯи роҳҳои ҷадиди ҳамкорӣ дар ин самтро ба нақша гирифтааст.

Дар охир, раисҷумҳури Тоҷикистон изҳори умедворӣ кард, ки дидори имрӯза заминаро баҳри табодули таҷрибаи тайи солҳои шарокат дар чорчӯби СИКА андӯхташудаи кишварҳои узв фароҳам хоҳад кард.