Июл 02, 2019 13:15 Asia/Dushanbe
  • Даргузашти ҳамсари раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон

Ҳамсари Муҳаммадсаид Убайдуллоев раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон субҳи имрӯз дар шаҳри Душанбе даргузашт.

Ба нақл аз Ахбор, бастагони Убайдоллоев гуфтаанд фавти ҳамсари Муҳаммадсаид ногаҳонӣ буд, чаро ки вай бемории хоссе надошт ва танҳо дар чанд рӯзи ахир дар гулуяш эҳсоси нороҳатӣ мекард.

Дар бораи шахсияти ҳамсари раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон иттилооте дар даст нест вай дар умури давлатӣ дахолати аланӣ надошт ва дар ҷамъи умум зоҳир намешуд.

Гуфта мешавад вай худро вақфи тарбияти фарзандон ва умури хонавода карда буд.

Убайдуллоев ва ҳамсари дагузаштааш 2 писар ва як духтар доранд, ки писари бузургашон Ҷамолуддин Убайдуллоев сафири Тоҷикистон дар Фаронса аст.

Амирҷон Убайдуллоев фарзанди дуввуми ин хонавода дар дастгоҳи раёсат ҷумҳурии Тоҷикистон машғул ба кор аст ва хоҳараш Нигина Убайдуллоева дар Амрико зиндагӣ мекунад.

Муҳаммадсаид Убайдуллоев дар канори Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон куҳнакортарин мақоми баландпояи Тоҷикистон ба ҳисоб меояд.