Даргузашти модар пас аз марги дилхароши духтари дами бахт
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i44904-Даргузашти_модар_пас_аз_марги_дилхароши_духтари_дами_бахт
Гулсара Мирзоева модаре, ки 5 рӯз пеш духтари дар остонаи бахташ ба номи Гулрухсорро бар асари ҳодисаи дилхароши ронандагӣ аз даст дода буд рӯзи гузашта фавт кард ва имрӯз ба хок супорида шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 04, 2019 08:13 Asia/Dushanbe
  • Даргузашти модар пас аз марги дилхароши духтари дами бахт

Гулсара Мирзоева модаре, ки 5 рӯз пеш духтари дар остонаи бахташ ба номи Гулрухсорро бар асари ҳодисаи дилхароши ронандагӣ аз даст дода буд рӯзи гузашта фавт кард ва имрӯз ба хок супорида шуд.

Ба гузориши Садои Хуросон, хабари ин сарнавишти ғамангезро Шаҳло Наҷмуддинова рӯзноманигори тоҷик дар Фейсбук мунташир кардааст.

Шаби 27 июн бар асари бархурди ду худрав дар шаҳристони Норак, ронандаи 48 сола Саидҷаъфар Атоев ва мусофираш Гулрухсор Назарзода дар дам ҷон бохтанд.

Гулрухсор охирин муқаддамоти ҷашни арусиашро фароҳам кард ва ҳамон рӯз барои хариди либоси арусӣ ба бозор рафта буд.

28 июн рӯзе, ки Гулрухсор қарор буд бо либоси арусӣ ба хонаи домод биравад тобуташро аз хона берун оварданд.

Акнун модари Гулрухсор низ ба дунболи фарзанди нокомаш рафт.

Ҳаводиси ронандагӣ яке аз авомили аслии маргу мир дар Тоҷикистон ба ҳисоб меояд.