Июл 11, 2019 17:34 Asia/Dushanbe
  • Нахуствазири Қазоқистон вориди Душанбе шуд

Нахуствазири Қазоқистон имрӯз дар раъси ҳайате ба Душанбе- пойтахти Тоҷикистон сафар кард.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Аскар Маминро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ҳамтои тоҷикистонияш Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

Имрӯз дар назар аст дар ҷараёни сафари расмӣ Маминро  Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ҳузур пазирад.

Хабаргузории Ховар “Инчунин музокироти ҳайатҳои ҳукуматӣ бо роҳбарии сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва сарвазири Қазоқистон Аскар Мамин баргузор мегарданд”.

Дар назар аст, дар ин дидорҳо чанд санади ҳамкорӣ ба имзо бирасад.

Сафари ахири Мамин ба Тоҷикистон дар моҳи апрели соли гузашта анҷом шуд, ки он замон вай муовини нахуствазири Қазоқистон буд.

Пеш аз ин Мамин шаҳрдори шаҳри Нур-Султон ва вазири ҳамлу нақл ва иртиботот буда ва дар таърихи 25 феврали соли 2019 ба унвони нахуствазир фаъолияти худро оғоз кард.