Июл 24, 2019 08:52 Asia/Dushanbe
  • Баррасии мавзӯи тамдиди эътибори шиносномаҳои қаблии тоҷикӣ

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ва Дафтари раёсат ҷумҳурии ин кишвар тарҳи тамдиди муддати эътибори шиносномаҳои қаблии тоҷикиро, ки мебоист то 15 августи имсол бо кортҳои миллӣ таъвиз мешуданд баррасӣ мекунанд.

Ба нақл аз сомонаи Вазорати корҳои дохлаи Тоҷикистон ин матлаб дар нишасти ахири масъулони ин вазорат бо хабарнигорон дар шаҳри Душанбе эълом шуд.

Дар Тоҷикистон аз соли 2014 раванди таъвизи шиносномаҳои миллӣ бо корти миллӣ оғоз шудааст. Дар феврали соли равон ҳукумати ин кишвар эълом кард бояд то рӯзи 15 августи имсол тамомии дорандагони шиносномаҳои қаблӣ ба таъвизи ин аснод ба корти миллӣ иқдом кунанд.

Дар ин мусавваба таъкид шудааст, ки дар сурати худдорӣ аз таъвизи шиноснома ба корти миллӣ, телефони ҳамроҳи муштаракон қатъ хоҳад шуд. Аммо акнун масъулони Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон мегуянд, ки мавзӯи тамдиди муддати эътибори шиносномаҳои қаблии тоҷикиро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд ва ашхосе, ки ба исми онон телефони мобелӣ сабт нашудааст ниёзе ба таъвизи ин аснод надоранд.

Ин дар ҳолест, ки Хадамоти давлатии алоқаи Тоҷикистон эълом кардааст, то авохири моҳи июли соли равон 1 миллиону 88 ҳазору 390 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар ба сабти номи дубораи симкорти телефони мобелии хеш бар асоси корти миллӣ иқдом кардаанд.

Бар асоси  гузориши ин ниҳод теъдоди муштаракони телефони мобелӣ дар Тоҷикистон 6 миллиону 458 ҳазору 990 нафар мебошад, ки аз ин теъдод 4 миллиону 856 ҳазору 887 нафар муштаракони фаол ба ҳисоб меоянд.