Июл 30, 2019 19:57 Asia/Dushanbe
  • Муаррифии фасодзадатарин ниҳодҳои давлатӣ дар Тоҷикистон

Раиси Созмони мубориза бо фасоди молӣ дар Тоҷикистон фасодзадатарин вазоратхонаҳо ва идороти давлатии ин кишварро дар шаш моҳи нахусти имсол муаррифӣ кард.

Сулаймон Давлатзода дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфтааст, ки вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, кор ва муҳоҷират, кишоварзӣ, ҳамлу нақл, саноат ва фанновариаҳои навину молия ба тартиб фасодзадатарин ниҳодҳои давлатӣ дар шаш моҳи нахуст имсол будаанд. Ба гуфтаи вай, дар ин муддат кормандони Вазорати маориф ва илм муртакиби 85 мавриди фасоди молӣ ва ришвахорӣ шудаанд, ки ин омор дар миёни кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ба 83 маврид ва дар байни кормандони Вазорати кор ва муҳоҷират ба 53 маврид расидааст. Ҳамчунин дар бахши бонкдорӣ 139 мавриди ҷурми молӣ, дар Кумитаи давлатии мудирияти замин 53 маврид, Кумитаи давлатии меъморӣ ва сохтимонсозӣ 15 маврид ва дар Ширкати давлатии “Барқи тоҷик” 15 мавриди фасоди молӣ ва ришвахорӣ дар ин шашмоҳа ба сабт расидааст.