Сентябр 02, 2019 08:58 Asia/Dushanbe
  • Дархости Эмомалӣ Раҳмон аз мардуми Тоҷикистон

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон таи суханроние ба муносибати аввали моҳи сентиябр ва оғози соли таҳсилии нав дар кишвараш,ки рӯзи дониш номгузорӣ шудааст, аз мардум дархости қадри сулҳ ва оромишро бидонанд ва ин неъмати арзишмандро ҳифз кунанд.

Ба нақл аз хабаргузории Спутник, Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, дар оғози истиқлоли Тоҷикистон, гурӯҳҳое ба хотири дар даст гирифтани қудрат бо ҳимояти хоҷагони хориҷии хеш, кишварро ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашонданд ва муҷиби куштори беш аз 150 ҳазор нафар,ятим мондани 50 ҳазор кудак, оворагии 1 миллион нафар ва хасорати ҳангуфти иқтисодӣ шуданд.

Вай таъкид кард, имрӯз ҳам теъдоде афроди бадхоҳ дар хориҷ бо туҳмат ва дуруғпароканӣ даст аз ниятҳои нопоки хеш барнамедоранд ва алайҳи давлат тавтиачинӣ мекунанд аммо ба ҳадафҳои шумашон нахоҳанд расид.

Аз дидгоҳи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми ин кишвар,ки як бор даҳшати ҷанги дохилӣро пушти сар гузоштаанд,дигар фиреби ин гурӯҳҳоро нахоҳанд хурд.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, таи як даҳаи ахир бархе гурӯҳҳои манфиатталаб аз дини мубини ислом ба унвони абзори муборизоти сиёсии хеш истифода мекунанд,ки ин амр муҷиби бадномии мусалмонон мешавад. Аз ин рӯ мо мухолифи сиёсисозии ислом ва тарвиҷи хурофот ва таасуби мазҳабӣ ҳастем,ки роҳи рушд ва пешрафтро масдуд мекунад.

Ба ақидаи Раҳмон, Тоҷикистонро ба ғайр аз мардуми ин кишвар каси дигаре нахоҳад сохт ва бояд бо ҳифзи сулҳ ва амният барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, фарҳанг, забон ва таърихи хеш талош шавад.