Октябр 18, 2019 19:44 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазирони хориҷаи Тоҷикистон ва Кареяи ҷанубӣ дар Нурсултон

Вазирони хориҷаи Тоҷикистон ва Кареяи ҷанубӣ дар ҳошияи давоздаҳуммин Ҳамоиши ҳамкории Кареяи ҷанубӣ ва кишварҳои Осиёи марказӣ бо якдигар дидор ва гуфтугу карданд.

Сироҷиддини Меҳруддин вазири хориҷаи Тоҷикистон ва Кон Кюнг- Во вазири умури хориҷаи Кареяи ҷанубӣ дар ҳошияи давоздаҳумин Ҳамоиши Осиёи марказӣ ва Кареяи ҷанубӣ дар пойтахти Қазоқистон мулоқот карданд.

Дар ҷараёни ин дидор ва тавсиъаи робитаҳои дуҷониба баррасӣ ва алоқамандии муштараки ду тараф дар заминаи ташдиди ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар ҳавзаҳои мухталиф таъкид шуд.

Густариш ва тақвияти пояи ҳуқуқии робитаҳои ду ҷониба аз ҷумлаи дигар мавзуоте буд,ки таи ин мулоқот аз суи раисони Ниҳодҳои дипламатии Тоҷикистон ва Кареяи ҷанубӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 Давоздаҳуммин даври нишасти ҳамкориҳои Кареяи ҷанубӣ ва Осиёи марказӣ дар шаҳри Нурсултон, баргузор шуд,ки дар он ҳайатҳои 5 кишвари Осиёи марказӣ таҳти сарпарастии вазирони умури хориҷаи ин кишварҳо ширкат ва суханронӣ карданд.

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳияи ин Ҳамоиш бар алоқамандии ин кишвар барои рушди ҳамкориҳои гуногун дар чорчуби Ҳамоиши мазкур ва истифода аз потенсиали он барои тақвияти ҳамкорӣ ва тавсиъаи пойдор дар минтақа таъкид кард.

Дар чорчуби ин Ҳамоиш ҷаласаҳои ҷудогонае дар мавзуоти стандартсозӣ, манбаъҳои обӣ ва энержӣ, иқтисоди сабз ва фановариҳои Ой Тӣ баргузор шуд.

Дар поёни ин ҳамоиш барномаи кори дабирхонаи Ҳамоиши ҳамкории Кареяи ҷанубӣ ва Осиёи марказӣ барои соли 2020 и милодӣ тасвиб шуд.