Озодии беш аз ҳазор нафар аз зиндонҳои Тоҷикистон
(last modified 2019-10-28T13:18:38+00:00 )
Октябр 28, 2019 18:18 Asia/Dushanbe
  • Озодии беш аз ҳазор нафар аз зиндонҳои Тоҷикистон

Бо иҷрои қонуни афви умумӣ ҳазору 64 зиндонӣ аз зиндонҳои Тоҷикистон раҳоӣ ёфтанд.

Ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, ин афрод нахустин гурӯҳе аз афв шудагон ҳастанд, ки ба хонаҳои худ бозгаштанд.

Аз ин теъдод 165 нафар зан ва 60 нафар афроди зери 18 сол ҳастанд.

Дар маҷмӯъ бо иҷрои қонуни афви умумӣ, имсол 20 ҳазор зиндонӣ дар Тоҷикистон озод ё бо тахфифи муҷозот рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.

Қонуни афви умумии 2019, ки ду рӯз пас аз тасвиб дар парлумон ба имзои Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон расид, ба муносибат 25-умин солгарди тасвиби Қонуни асосии ин кишвар тадвин шудааст.

Намояндагони аҳзоби мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, ки дар зиндонҳо ба сар мебаранд, шомили қонуни афв нашудаанд.

Дар ҳамин ҳол сайти Ахбор гузориш дод, як зиндоние, ки ба ҷурми ифротгароӣ дар зиндони шумораи 4 шаҳри Душанбе маҳбус буда ҳангоми фирор аз зиндон кушта шудааст.

Бар асоси ин гузориш, зиндонии кушта шуда 50 сола буда ва шаби 21 октябр қасди фирор аз зиндон дошта, аммо ҳангоми гурез бо шиллики маъмурони зиндон кушта шудааст.