Ноябр 30, 2019 21:08 Asia/Dushanbe
  • Озодии муовини собиқи Созмони мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз зиндон

Муовини собиқи Созмони давлатии мубориза бо фасоди Тоҷикистон бар асоси Қонуни Авфи умумӣ дар ин кишвар аз зиндон озод шудааст.

Ба нақл аз сомонаи ТОПТҶ, наздикони Давлатбек Хайрзода гуфтаанд, ки вай авф шуда ва ба назди хонаводааш дар ноҳияи Ваҳдат бозгаштааст.

Тарҳи иттиҳом алайҳи Давлатбек Хайрзода ва 10 нафар аз кормандони Созмони мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон дар  соли 2017 яке аз пур сару садотарин рӯйдодҳои қазоии ин кишвар ва дар навъи худ ҳодисае бесобиқа буд, зеро барои бори аввал кормандони масъули ниҳоди мубориза бо фасод ва ришвахорӣ дар Тоҷикистон худ ба дарёфти ришва муттаҳам ва маҳкум шуданд.

Агар чи бар асоси ин парванда муовини собиқи Созмони давлатии мубориза бо фасоди Тоҷикистон ва ҳамкоронаш ба дарёфти ришва ва фаро рафтан аз ихтиёроти хидматӣ муттаҳам шуданд, аммо додгоҳ  парвандаи ин ашхосро бо муҳри маҳрамона пушти дарҳои баста баргузор кард ва иттиҳоми воқеии ин ашхос мушаххас нашуд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи июли соли 2017 Давлатбек Хайрзодаро ба 10 солу шаш моҳ зиндон ва 10 ҳамкори ӯро ба 6 то 15 сол зиндон маҳкум кард.

Бар асоси қавонини ҷиноии Тоҷикистон ашхосе, ки ба иттиҳоми дарёфти беш аз 10 ҳазор сомонӣ ришва ҷинояткор шинохта шаванд шомили авф нахоҳанд шуд.

Барчасп