Коҳиши 3 дар садии арзиши сомонӣ воҳиди пули Тоҷикистон дар соли 2019
(last modified Thu, 02 Jan 2020 05:07:28 GMT )
Январ 02, 2020 10:07 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши 3 дар садии арзиши сомонӣ воҳиди пули Тоҷикистон дар соли 2019

Арзиши сомонӣ воҳиди пули миллии Тоҷикистон дар соли гузашта 2019 дар баробари доллар 3 дар сад коҳиш дошт.

Ба нақл аз  сомонаи Осиё Плюс, дар оғози соли гузаштаи милодӣ як доллар муодили 9 сомонӣ ва 70 дирам дар ниҳодҳои молӣ ба сабт расид.

Ҳатто дар моҳи ноябри соли 2019 барои аввалинбор аз соли 2003 арзиши сомонӣ воҳиди пули миллии Тоҷикистон дар баробари доллар дар бозори ғайри расмӣ ба 10 сомонӣ расид,ки ин мавзуъ, ба иллати таносуб надоштани мизони воридот ва содироти маҳсулот дар Тоҷикистон буд.

Арзиши доллар дар баробари сомонӣ дар Тоҷикистон замоне афзоиш ёфт,ки аз оғози соли 2019 фаъолони бахши хусусии Тоҷикистон аз камбуди доллар дар Бонкҳои тиҷории ин кишвар шикоят карданд.

Дар Бонкҳои тиҷории шаҳри Душанбе фақат ба 25 нафар  ба миқдори 200 доллар фурухта мешавад.

Аммо коршиносон афзоиши воридот ва коҳиши содиротро омили аслии набуди субот дар нархи арз эълом мекунанд.

Дар соли гузашта Тоҷикистон як миллиарду 72 миллион доллар содирот доштааст,ин дар ҳоле аст,ки дар ин мудат, Тоҷикистон 2 миллиарду998 доллар низ коло ворид кардааст.