Феврал 04, 2020 10:14 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ моҳи март дар Душанбе

Мақомоти Кумитаи давлатии меъморӣ ва сохтмонсозии Тоҷикистон эълом карданд, бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ моҳи март дар Душанбе ифтитоҳ мешавад.

Ба нақл аз Авесто, сохти ин масҷид ба поён расида ва бо сафари Тамим бин Ҳамд оли Сонӣ амири Қатар ба Тоҷикистон дар моҳи март ифтитоҳ мешавад.

Қаблан низ ифтитоҳи ин масҷид, ки бузургтарин маркази ибодӣ дар минтақаи  Осиёи Марказӣ аст, ба далели лағви сафари амири Қатар ба Тоҷикистон ба ақиб афтода буд.

Кори сохти ин масҷид дар октябри соли 2009 бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд.

Ҳазинаи сохти ин масҷиди се гегтарӣ, ки зарфияти сад ҳазор намозгузорро дорад ҳудуди 100 миллион доллар эълом шуда, ки 30 миллион доллари онро давлати Тоҷикистон ва боқии онро давлати Қатар таъмин кардааст.