Феврал 27, 2020 11:21 Asia/Dushanbe
  • Сафари 1 миллиону 300 ҳазор хориҷӣ дар соли 2019 ба Тоҷикистон

Мақомоти Ожонси давлатии омори Тоҷикистон эълом карданд, соли гузашта 1 миллиону 300 ҳазор хориҷӣ ба ин кишвар сафар карданд.

Ба нақл аз сомонаи Спутник,дар соли гузашта, 850 ҳазору634 нафар узбек, 212 ҳазор ва 62 нафар рус ва 116 ҳазору727 қирғизстонӣ ба Тоҷикистон сафар карданд.

Гуфта мешавад,ки вуруди афроди хориҷӣ ва ба вижа гардишгарон ба Тоҷикистон дар соли 2019 дар муқоиса бо соли пеш 20 дар сад афзоиш доштааст.

Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷазби бештари гардишгарон қонуни осонсозии сафари атбоъи хориҷӣ ба ин кишварро иҷроӣ кард.

Дар ин қонуни нав гардишгарон метавонанд бо раводиди як бор вуруд ду моҳ дар ин кишвар ҳузур дошта бошанд.

Ба гуфтаи мақомоти Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, ҳазинаи судури раводиди барои мусофироне,ки қасд доранд якбор ба ин кишвар сафар кунанд 30 доллар аст, аммо ин афрод метавонанд раводиди 60 рӯза сафар ба Тоҷикистонро бо пардохти 50 доллар дарёфт кунанд.