Пешбинии ҳавои офтобӣ дар Тоҷикистон дар 3 рузи аввали моҳи март
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i51305-Пешбинии_ҳавои_офтобӣ_дар_Тоҷикистон_дар_3_рузи_аввали_моҳи_март
Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон барои ин кишвар дар 3 рӯзи аввали моҳи март ҳавои офтобӣ пешбинӣ кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 28, 2020 19:02 Asia/Dushanbe
  • Пешбинии ҳавои офтобӣ дар Тоҷикистон дар 3 рузи аввали моҳи март

Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон барои ин кишвар дар 3 рӯзи аввали моҳи март ҳавои офтобӣ пешбинӣ кард.

Ба гузориши “Спутник”, Хадамоти матбуотии Ожонси ҳавошиносӣ гузориш дод, дар 3 рӯзи аввали моҳи март дар Тоҷикистон ҳаво офтобӣ аст.

Тибқи пешбинии ҳавошиносӣ, дар бештари манотиқи ҷумҳурӣ аз аввал то 3 март ҳавои офтобӣ дар назар аст ва дараҷаи ҳарорат аз + 17 ° c то + 19 ° c хоҳад буд.

Илова бар ин, аз 4 то 7 март ҳаво аз 5 дараҷа сардтар хоҳад шуд ва боришҳо ҳам ба шакли борону барф, ғуборҳои маҳаллӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳавошиносии Тоҷикистон эълом кард, суръати вазиши бод низ дар ин айём то 12 метр дар сония аст.