Интисоби котиби ҷадиди Шӯрои амнияти Тоҷикистон
(last modified Fri, 06 Mar 2020 15:13:31 GMT )
Март 06, 2020 20:13 Asia/Dushanbe
  • Интисоби котиби ҷадиди Шӯрои амнияти Тоҷикистон

Насруллоҳ Маҳмудзода ба унвони котиби ҷадиди Шӯрои амнияти Тоҷикистон интисоб шуд.

Ба гузориши “Спутник”, Насруллоҳ Маҳмудзода, ки то имрӯз додситони вилояти Хатлон буд, бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон котиби ҷадиди Шӯрои амният таъйин шуд.

Насруллоҳ Маҳмудзода дар ин симмат Маҳмадалӣ Ватанзодаро иваз кард. Пеш аз ин Абдураҳим Қаҳҳоров ва Амирқул Азимов низ дабири Шӯрои амният буданд.  

Дар шарҳи ҳоли Маҳмудзода гуфта шудааст, ки ӯ соли 1986 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Аз соли 1986 коромӯз дар вазифаи бозраси калони додситонии шаҳри Қайроқум, аз соли 1987 – бозраси калони додситонии шаҳри Қайроқум, аз соли 1988 – додситони шуъбаи тафтишотии Додситонии вилояти Суғд, аз 1989 – бозраси калони Додситонии шаҳри Қайроқум, аз соли 1993 - муовини додситони шаҳри Исфара, аз соли 1997 муовини аввали додситони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолият кардааст.

Ӯ аз соли 1998 ба вазифи сардори шуъбаи назорати тафтиши пешакӣ ва таҳқиқ дар ниҳодҳои Вазорати умури дохилӣ , додситонии Суғд ва аз соли 2002 ба мақоми додситони ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таъйин шудааст.

Аз соли 2007 вазифаи додситони шаҳри Кӯлобро бар ӯҳда гирифта, соли 2010 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб шудааст. Ӯ мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 буда, аз феврали соли 2015 додситони вилояти Хатлон буд.

Дар шарҳи ҳоли Насруллоҳ Маҳмудзода гуфта шуда, ки ӯ 4 забони тоҷикӣ, русӣ, ӯзбакӣ ва англисиро медонад.