Корона ва рафтори мардум ва давлати Тоҷикистон дар баробари он (1)
Густариши вирус ва дар воқеъ бемории даҳшатноки корона дар сатҳи ҷаҳон мӯҷиб шудааст,ки давлат ва мардуми Тоҷикистон рафтори иҷтимоии муносибе дар баробари ин беморӣ дошта бошанд.
Ба гузориши ИРНА, агарчи ин кишвари Осиёи марказӣ, ки аз қазо дар ҳамсоягии кишвари Чин- хостгоҳи ин бемории ҳамагир воқеъ шуда ва ба истиноди оморҳои миллӣ ва ҷаҳонӣ то кунун ба далилҳои мухталиф аз олудагӣ ба ин вируси воридотӣ дар амон мондааст, аммо мардуми ин кишвар ба рағми мушоҳидаи сиёсатҳо ва рафтори пешгиронаи давлат, муддате аст, ки дар баробари он рафтори муҳофизакорона ва баъзан ғайрмаъмулӣ пеш гирифтаанд.
Ин вирус, ки то кунун аз Чин дар ҷанубу шарқи Осиё ба беш аз 100 кишвари ҷаҳон сироят кардааст, бар асоси гузоришҳо то кунун натавонистааст ба кишвари ҳамсоя, яъне Тоҷикистон нуфуз кунад; шояд бештар ба ин далел, ки робитаҳои мардуми ин кишвар бо мардуми Чин камтар аз ҳадде аст, ки бо дигар кишварҳои ҷаҳон таомул доранд.
Тоҷикистон бо Чин беш аз 400 километр марзи муштарак дорад ва ҳазорон коргар ва мутахассиси чинӣ дар ин кишвар кору зиндагӣ мекунанд. Чин яке аз кишварҳои асосии воридкунандаи масолеҳи сохтмонӣ, маводи ғизоӣ,мошинолот ва колои хос ба Тоҷикистон аст.
Ин вирус, ки дар истилоҳи улуми пизишкии ҷаҳон ба "КОВИД-19" маъруф аст ибтидо аз шаҳри Ухани Чин шурӯъ ба густариши карда ва бо олуда кардани 30 вилояти ин кишвар имрӯза 111 ҳазор нафарро олуда карда аст ва дар ҳудуди беш аз 100 кишвари ҷаҳон паҳн шуда ва буҳрон эҷод кардааст.
Масъулони соҳаи тандрустии Тоҷикистон тайи ду моҳи ахир борҳо эълом кардаанд, ки барои ҷилавгирӣ аз вуруди вируси корона ба ин кишвар тамоми тадбирҳои лозимро андешида ва аз ҳеҷ талоше барои ин манзур дареғ намеварзанд.
Рӯзи панҷшанбе буд, ки масъулони вазорати тандрустии Тоҷикистон дар як нишасти матбуотии муштарак, овозаҳои ҷанҷолбарангез перомуни интиқоли вируси корона аз Чин ба ин кишварро рад карда ва эълом карданд, ки то кунун олудагӣ ба ин вирус дар ҳеҷ нуқтае аз Тоҷикистон мушоҳида нашудааст.
Чанде пеш Бибихонум Дарвешзода-сухангӯи вазорати тандрустӣ ва таъмини иҷтимоии Тоҷикистон эълом карда буд, ки бо вуҷуди набуди корона дар ин кишвар, вазорати тандрустӣ дар аввалин марҳила 301 нафар аз афроде, ки бо парвозҳои транзитӣ аз Чин ба Тоҷикистон омада будандро дар чанд бемористони ин кишвар ба муддати ду ҳафта карантин кардааст.
Ба гузориши шанбеи гузаштаи хабаргузории Спутники Русия аз Душанбе, вай онҳоро асосан шомили донишҷуён, тоҷирон ва кормандони ширкатҳои чинӣ муаррифӣ карда гуфт: Фақат дар шаҳри Душанбе як бемористони вежаи бемориҳои сироятӣ воқеъ дар маҳаллаи "Зарафшон" ва як бемористони сироятии дигар воқеъ дар хиёбони Борбад барои назорат ва муоинаи афроди аз Чин баргашта ихтисос дода шудааст.
Давлати Тоҷикистон то кунун борҳо таъкид кардааст, ки ин бемористонҳо зери назорати нируҳои полис ва маъмурони амниятӣ қарор доранд ва вобастагони афроди бистаришуда низ иҷозаи тамос бо наздикони худро надошта ва ҳатто пизишкон ва парасторон ҳам ҳаққи хурӯҷ аз ин бемористонҳоро надоранд.
Гуфта мешавад ба ҷуз Душанбе, дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва Кулоб ҳам бемористонҳое барои муоина ва таҳти назар гирифтани афроде, ки ба тозагӣ аз Чин ва Эрон бармегарданд, ихтисос дода шудаанд.
Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз густариши бемории корона, ҳатто иртибототи нақлиётӣ бо Чин ва Эрон, ки аз аслитарин шарикони тиҷории ин кишвар ҳастандро муваққатан қатъ кардааст.
Дар ҳамин ҳол давлати ин кишвар ҳатто эълом кардааст, ки барои хориҷ кардани донишҷуёни тоҷик аз шаҳри Ухани Чин иқдом кардаат.Пештар бархе аз ин донишҷуён дар шабакаҳои иҷтимоӣ хостори кумаки мақомоти кишваршон барои интиқоли онҳо аз шаҳри Ухан ба ватанашон шуда буданд.
идома дорад....