Март 10, 2020 16:02 Asia/Dushanbe
  • Коронавирус ва рафтори мутафовити мардум ва давлати Тоҷикистон дар баробари он (2)

Ба гузориши хабаргузории давлатии “Ховар”, Вазорати хориҷаи Тоҷикистон борҳо ба шаҳрвандони худ тавсия кард аст, ки агарчӣ ба таъйиди давлати Чин дар миёни шаҳрвандони тоҷики муқим ва ё маъмур дар Чин ҳеҷ мавриде аз ибтило ба вируси корона мушоҳида нашудааст, аммо бо ин вуҷуд аз шаҳрвандони худ хост то аз сафар ба Чин ҷиддан худдорӣ варзанд.

Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, аз ду ҳафта пеш ҳамаи парвозҳо миёни Тоҷикистон бо беш аз 30 кишвари ҷаҳон лағв шуда буд, ки баъдан ин теъдод ба чанд кишвар маҳдуд шуд. Тимҳои вижаи пизишкӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва фурудгоҳи Хуҷанд мустақар буда ва ба сурати шабонарӯзӣ мусофирони ҳамаи парвозҳоро муоина мекунанд ва дар сурати доштани алоими ибтило ба вируси корона, онҳоро дар бемористон таҳти муоина қарор медиҳанд.

Ба гузориши хабаргузории “Азия плюс”, Кумитаи амнияти ғизоии Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон низ якшанбеи гузашта эълом карда буд, ки воридоти ҳар гуна коло ва мавод аз Чин ба ин кишварро ба ҷуз чойи хушк ва тухмиҳои зироатӣ мамнуъ кардааст.

Бар асоси ин гузориш, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон низ як ситоди вижаро ба раёсати Азим Иброҳим, муовини нахуствазири ин кишвар таъсис кардааст, ки вазъияти муқобила бо эҳтимоли вуруди вируси корона ба ин кишварро зери назар дорад. Аъзои ин ситод вазифадоранд ҳар рӯз вазъияти беҳдоштии ҷомеаро сабту забт карда, онҳоро баррасӣ ва мавриди таҷзия ва таҳлил қарор диҳанд.

Албатта дар шабакаҳои давлатӣ ва низ радио ва телевизиони ин кишвар низ огоҳиҳое дар мавриди риояти қоидаҳои беҳдоштӣ барои ҷилавгирӣ аз эҳтимоли ибтило ба вируси корона ба таври мураттаб пахш мешавад.

Ин изҳори назари масъулони беҳдоштии Тоҷикистон дар ҳолест, ки Ҷамолиддин Хомӯшӣ, раиси идораи фатвои Шӯрои уламои Маркази исломии ин кишвар низ ба дархости Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ баргузории маросимҳои намози ҷумъа ва низ ҷамоат дар масоҷиди саросари ин кишварро лағв карда буд.

Ба гузориши хабаргузории “Рейтерз”, сухангӯи Кумитаи умури мазҳабӣ дар Тоҷикистон дар “Фейсбук” навишт: “Агарчӣ ҳеҷ мамнуияте барои ҳузур дар масоҷид вуҷуд надорад, аммо аз мардум мехоҳем то аз рафтан ба масҷид ва ба ҷо овардани намози ҷумъа ва ҷамоат худдорӣ варзанд ва онҳоро дар хонаҳои худ ба ҷо оваранд”.

Мирҳамиддин Камолзода, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон дар бораи далели баста шудани ин масҷидҳо гуфт, тасмим барои баста шудани ин масоҷид бо дар назар гирифтани вазъияти ҳамаи кишварҳои исломӣ ба он сабаб рӯйи даст гирифта шуд, ки шаҳрвандони хориҷӣ низ ба ин масҷидҳо меоянд ва имкони рӯзона чанд дафъа пок кардани қолиҳои масоҷид вуҷуд надорад.

Ба гузориши хабаргузории “Аки пресс”-и Қирғизистон аз Душанбе, вазири тандурустӣ чаҳоршанбе (4 март) таъкид карда буд, ки ин кишвар илова бар шаҳрвандони Чин, вуруди шаҳрвандони Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Эрон, Афғонистон ва Италияро ҳам ба Тоҷикистон мутлақан мамнуъ кардааст.

Ба гуфтаи вай, аз аввали моҳи феврал то 4 март як ҳазору 405 нафар дар ин кишвар қарантин шуданд, ки аз ин теъдод 327 нафар хориҷӣ будаанд.

Дафтари раёсати ҷумҳурии ин кишвар низ рӯзи ҷумъаи 6 март эълом кард, ки мардуми Тоҷикистон имсол бояд аз баргузории ҷашнҳои вижаи соли нав (Наврӯз) бостонӣ худдорӣ варзанд то мабодо таҷаммуъҳои мардумӣ дар ин ҷашнҳо, ки умдатан дар амокини умумӣ баргузор мешаванд, ба маконе барои густариши ин вирус дар кишвар табдил шаванд.

Самариддин Алиев, мудири пажӯҳишгоҳи мубориза бо бемориҳои Вазорати тандурустии Тоҷикистон низ гуфт, ки ин кишвар то кунун ду ҳазор баста тести вируси корона аз Русия дарёфт кардааст.

Ин мақоми Тоҷикистон гуфт, ки тести 270 фарди машкук ба ибтило ба вируси корона манфӣ будааст, онҳо ин тестҳоро барои таъйид ба Лондон ва Маскав фиристодаанд.

Ба гуфтаи оқои Алиев, озмоишгоҳҳои ин шаҳрҳо натоиҷи манфии тести ин афродро таъйид кардаанд. Дар ҳамин ҳол, масъулони тандурустии Тоҷикистон гуфтаанд, ки тайи рӯзҳои оянда Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ низ кейтҳои тозаи махсуси тести корона ба ин кишвар ворид хоҳад кард.

Мақомоти Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон низ душанбеи гузашта дар як конфронси хабарии муштарак дар Душанбе, аз ташкили як гурӯҳи кории вижа барои ҷилавгирӣ аз афзоиши қимати маводи ғизоӣ хабар доданд то бар қимати маводи ғизоӣ дар бозор ва фурӯшгоҳҳо назорат кунад.

Кумитаи гардишгарии Тоҷикистон низ бо судури иттилоия дар пойгоҳи интернетии худ ва иблоғ ба ҳамат ширкатҳои гардишгарӣ ва мусофиратии кишвар таъкид кард, ки аз вуруди абтои ҳамаи кишварҳои хориҷӣ ба унвони гардишгар ва ҳатто мутахассисон ҷилавгирӣ шавад.

Чун бархе коршиносони беҳдоштӣ муътақиданд, ки авоқиби вуруди вируси корона ба кишварҳое монанди Тоҷикистон, бо имконоти беҳдоштии кам, бисёр сангин ва ҷуброннопазир хоҳад буд.

Тоҷикистони 9 миллионнафарӣ, ки ҳаммарзи Чин ва Афғонистон аст, аз оғози замзамаҳои густариши корона, марзҳои худро ба рӯйи ҳамсоягони худ баста ва иртибототи худ бо Кореяи Ҷанубӣ, Эрон ва Италияро ба унвони кишварҳои вирусзада қатъ кардааст.

 

 идома дорад...