Март 11, 2020 11:45 Asia/Dushanbe
  • Корона ва рафтори мутафовити мардум  ва давлати Тоҷикистон дар баробари он (3)

Бо вуҷуди таъкиди ҳукумати Тоҷикистон, ки ин вирус ба кишвар ворид намешавад ва сиёсати мушаххас оид ба пешгирии  паҳншавии он эълон шудааст, мардуми кишвар ба овозаҳое дучор меоянд, ки  хилофи интизори ҳукумат  аст ва вокуниш нишон медиҳад.

Масалан, тибқи иттилоъи Вазорати тиҷорати Тоҷикистон, аз рӯзи чоршанбеи гузашта талабот ба маводи ғизоӣ, бахусус орд равған ва шакар дар кишвар афзоиш ёфтааст. Сафи одамон дар бозор ва мағозаҳо  рӯз ба рӯз  афзоиш ёфта, онҳо ин навъи молҳои истеъмолиро ба миқдори зиёд харидорӣ ва нигоҳ медоранд чун эҳтимол аст дар оянда нархашон боло равад.

Гузоришҳо нишон медиҳанд, ки дар кишвар бештарин ҳуҷум ,барои  хариди орд, ниқоб ва баъзе маводи ғизоӣ буда, то  ҷоеки дар назди мағозаҳо навбати тӯлониро мушоҳида кардан мумкин аст.

Дар ҳамин ҳол муовини вазири тандурустии Тоҷикистон Шодихони Ҷамшед ба хабарнигорон гуфт,ки дар тӯли ду сол дар кишвар барои 9,5 миллион аҳолӣ захираи кофии маводи ғизоӣ мавҷуд аст ва мардум набояд ба овозаҳои беасос посухи мусбат диҳанд.

Гарчанде, ки то ҳол ягон ҳодисаи тасдиқшудаи сирояти коронавирус дар кишвар ба қайд гирифта нашудааст, аммо масъулони ин кишвар барои пешгирии он як қатор чораҳо дида истодаанд, дар ҳолеки баъзе шоеахо ва ахбори дурӯғ низ дар ин хусус дар фазои маҷозии кишвар мунташир мешавад.

Коршиносон мӯътақиданд,ки агарчи мардуми Тоҷикистон нисбат ба ахбори марбут ба корона бепарво буданд, аммо ҳоло овозаҳо ва шоеаҳое, ки аз ҷониби фурӯшандагон ва ҳаннотҳои иқтисодӣ паҳн карда мешаванд таъсири ҷиддӣ ба онҳо расонда дар онҳо эҷоди тарсу ноамниро ба вуҷуд овардааст.

Бо ин вуҷуд мақомоти ин кишвар мисли дигар кишварҳои Осиёи марказӣ, ки  бо Чин ҳаммарз ҳастанд овозаҳои паҳншавии коронавирусро дар ин кишвар такзиб мекунанд, чун бо вуҷуди риояти чораҳои беҳдошти ва муроқибатӣ дар кишвар барои пешгирии паҳншавии вируси корона, интишори ин матолиб ва шоеаҳои дурӯғ, ба хусус дар фазои маҷозӣ боиси нигарониҳои зиёд ва афзоиши интизороти мардум аз давлат шудааст.

Масалан, ҳафтаи гузашта яке аз ин шоеот саъй дошт ба мардум чунин илқо кунад, ки яке аз мусофирони чинӣ дар парвоз ба Тоҷикистон бар асари ибтило ба коронавирус  ҷони худро аз даст додааст ва ҳамин мавзӯъ мӯҷиби афзоиши бӯҳрон ҳам барои давлат  ва ҳам барои ҳавопаймои "Сомон-Эйр" –и кишвар буд.