Март 12, 2020 11:48 Asia/Dushanbe
  • Пешбинии боришҳои фаровон дар Тоҷикистон дар моҳи март

Идораи ҳавошиносии Тоҷикистон барои ҳафтаҳои оянда дар ин кишвар боришҳои фаровон пешбинӣ кард.

 Ба нақл аз Осиё плюс , идораи ҳавошиносии Тоҷикистон эълом кард, ҳамзамон бо таваҷуҳ ба ҳуҷуми пай дар пайи бодҳои ғарбӣ ва ҷанубӣ аз минтақаҳои мухталиф, моҳи марти имсол нисбат ба солҳои гузашта гармтар аст.

Пешбини мешавад мизони бориши моҳона ҳамроҳ бо раъдубарқ, болотар аз ҳадди маъмул бошад ва сурати бод ҳам аз 12 то 17 метр бар сония бирасад.

Идораи ҳавошиносӣ пешбини кард фардо ,13 март дар пойтахт, пушиши абри мутағайир пешбини мешавад ва дамои ҳаво ба 18 дараҷа хоҳад расид,дар ҳоле,ки таи рӯзҳои ахир дамо аз 10 дараҷа боло нарафтааст.

Бо шуруъи ҳафтаи оянда , ҳаво гармтар низ хоҳад шуд ва дамо то 23 дараҷа боло меравад.

Дар ҳамин ҳол, ҳавошиносон ҳушдор медиҳанд ,ки ба далели афзоиши дамои ҳаво ва бориши нисбатан зиёд дар минтақаҳои кӯҳистонӣ хатари резиши тарма вуҷуд дорад.