Март 17, 2020 13:17 Asia/Dushanbe
  • Сафари дабирикулли нави Паймони Амнияти Ҷамъӣ ба Тоҷикистон

Дабирикулли нави Паймони Амнияти Ҷамъӣ барои дидор бо раисиҷумҳури Тоҷикистон ва раисони ожонсҳои сиёсӣ ва амниятии ҷумҳурӣ ба Тоҷикистон сафар мекунад.

Ба нақл аз Азия-Плюс, Станизлов Зас (Stanislav Zas), дабирикулли нави Паймони Амнияти Ҷамъӣ 17 то 19 март ба Тоҷикистон сафар мекунад.

Интизор меравад, ки Зас дар бораи фаолиятҳои ин созмон бо вазири умури хориҷӣ, Сироҷиддин Муҳриддин, генерал Шералӣ Мирзо, вазири дифоъ ва дабири Шурои Амнияти Тоҷикистон, Насруллоҳ Раҳматҷон гуфтугӯ кунад.

Ҳамчунин қарор аст ҷаласае ҳам бо муовини аввал, фармондеҳи нерӯҳои марзии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, генерал Раҷабалӣ Раҳмоналӣ баргузор шавад.

Русия, Арманистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Беларус кишварҳои узви Паймони Амнияти Ҷамъӣ ҳастанд.